Ҷуброни рӯбучини хона 15 ҳазор доллар
Як сокини Чин аз шавҳари собиқаш тавассути суд 50 ҳазор юан (тақрибан 570 ҳазор рубли русӣ ) рӯёнид. Аҷибаш ин, ки вай барои иҷрои корҳои хона ҷуброн талаб кард. Дар тӯли панҷ сол зан аксарияти корҳои хонаро ба дӯш гирифта буд. Тибқи Кодекси шаҳрвандӣ, ки ба қарибӣ дар кишвар мавриди амал қарор гирифтааст, дар ин ҳолат ва агар шахс парастори асосии кӯдакон бошад ё парастории волидони пиронсол ба дӯш дошт, ӯ метавонад дар сурати талоқ аз ҳамсараш ҷуброн талаб кунад. Агар ҳамсарон дар бораи маблағ мувофиқа карда натавонанд, суд онро таъин мекунад. Зани чинӣ бо марде бо номи Чен хонадор шуд. Онҳо соли 2015 издивоҷ карданд, аммо пас аз чанд соли муносибат ҷудо шуданд. Аммо, ҳамсар танҳо соли гузашта барои талоқ ариза дод. Илова ба ҷуброн барои тоза кардани хона, зан барои парастории писари худ низ моҳона 2000 юан (тақрибан 310 доллар) алимент мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ