Ҷаҳиши рекордии нархи газ. Аврупо дар ташвиш, Тоҷикистон пой мекӯбад

Рекордгузории нархи газ дар Аврупо идома дорад. Феълан барои як ҳазор метри мукааби газ дар Аврупо беш аз 1600 доллари амрикоӣ пардохт мегардад. Афзоиши нархи газ дар Аврупо барои Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Ташвиши Аврупо

Баъди чанд дақиқаи оғози савдо барои фючерсҳои моҳи ноябр, аз рӯи нишондоди ҳоландии TTF, то ба 1596,8 доллар ҷаҳида, баъдан аз 1607,2 доллар низ гузашт. Ин 15,5 дарсад бештар аз нархҳои рӯзи сешанбеи 5 октябр мебошад, хабар дод «РИА Новости».

Ин дар ҳолест, ки додугирифти рӯзи душанбеи 4 октябр бо нишондоди 1156 доллар сари як ҳазор метри мукааб ҷамъбаст шуд.

Нархи газ дар бозори Аврупо тайи моҳҳои охир хеле боло рафт. Агар дар аввали август нархи 1 ҳазор метри мукааби газ 515 доллари амрикоиро ташкил медод, як моҳи баъд то 614 доллар расида, то аввали октябр ду баробар боло рафт.

Таҳлилгарон ин ҷаҳишро ба кам будани захираҳои газ дар анборҳои Аврупо, таъминоти маҳдуд аз ҷониби фурӯшандаҳои асосӣ ва талаботи зиёд ба гази моеъ дар Осиё рабт медиҳанд.

Дар ин пасманзар саҳмияи «Газпром» ба сатҳи бесобиқа расида, феълан 386,5 рублро ташкил медиҳад.

Умед аз Қазоқистон

Дар пасманзари бесобиқа баланд шудани нархи газ дар Аврупо Тоҷикистон кӯшиши паст кардани нархи онро мекунад. 

Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистониро дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар ин бора дирӯз, 5 октябр дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон  муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Магаумов мулоқот намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот, инчунин, намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии «КазМунайГаз» ва «Тенгизшевройл» иштирок доштанд.

 Буҳрони газу бензин

Дар бораи чӣ қадар таҳвили маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва имзои созишномаҳо барои воридот байни кадом корхонаҳои ду кишвар, ҳамчунин, ҳаҷми он иттилоъ дода намешавад.

Аз вазорати энергетикаи кишвар дар мавриди ҷузъиёти бештари ин масъала изҳорӣ бехабарӣ намуданд ва гуфтанд, бо баргаштани масъулин аз Қазоқистон ҷузъиёти онро расонаӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар Қазоқистон бо ирсоли як мактуб Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки то аввали соли 2022 интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан, газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад. Инро ба таъмири корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рабт дода буд. Ҳарчанд вуҷуди ин мактубро дар Вазорати энергетика тасдиқ ё рад накарданд, вале гуфтанд, ки аз Қазоқистон маҳсулоти нафтӣ ворид намешавад.

Шурӯъ, аз  аввали сол дар Тоҷикистон буҳрони маводи сӯхт, аз ҷумла, газу бензин ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа нархҳо бесобиқа боло рафтанд. Ин боиси нигаронӣ ва ташвиши сокинони кишвар гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *