Ҷаҳонгир Маҷидов ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 меравад

Паҳлавони маъруфи тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ширкат мекунад. Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар Олимпиада Муҳаммадсолеҳ Қувватовро (-60 кг) иваз мекунад.

Қувватов дар вазни то 60 кг бо квотаи қорагӣ (Continental Qualification) соҳиби роҳхати Бозиҳои Олимпӣ шуда буд ва бо сабаби ҷароҳат гирифтан наметавонад дар мусобиқа иштирок намояд. Ҳамин тавр, Ҷаҳонгир Маҷидов, ки имтиёзҳои лозимаро дорад, ба ҷойи Қувватов дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад.

Ҷаҳонгир Маҷидов давоми чанд моҳи охир барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷудои Осиё ва Гранд-Слами Душанбе шуда, дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо дар мақоми ҳафтум аст.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик бори аввал дар таърих соҳиби 6 роҳхати олимпӣ шуданд. Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва тариқи квота Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *