Ҷаҳонгир Зарипов “Фариштамо”-и Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард

Овозхони шинохтаи тоҷик Ҷаҳонгир Зарипов суруди машҳури шодравон Баҳром Ғафуриро бо номи “Фариштамо” дар маҳфили ёдбуди ӯ бозхонӣ кард.

Дар консерт дида мешавад, ки Ҷаҳонгир Зарипов суруди мазкурро бидуни фонограмма сароида, дигаронро низ ба сурудхонӣ даъват мекунад.

Чун мардум мебинанд, ки суруди “Фариштамо”-ро бо тарзи зинда дар сатҳи олӣ иҷро мекунад, бо ӯ ҳамовоз мешаванд. Аз ҷумла, Зулайхо Маҳмадшоева ва Мино Баҳруллоева, ки дар қатори аввал нишастаанд, бо сароянда ҳамовозӣ мекунанд. 

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳунармандони саршиноси кишвар маҳфили ёдбуди Баҳром Ғафуриро ташкил карда буданд ва дар он ҳар кадом як суруди шодравонро ҳамчун нишони пос доштани хотираи ӯ сароида буданд. Бозхонии “Фариштамо” аз ҷониби Ҷаҳонгир Зарипов аз ҳамин маҳфил аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *