Ҷаҳонгир Зарипов:Аз менеҷерӣ то сарояндагӣ

Ҷаҳонгир Зарипов овозхони ҷавон бошад ҳам, ба муаррифӣ ниёз надорад. Зеро дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки бо суруду клипҳои баландмазмун дар дили мардум, хусусан, ҷавонон маъво бигирад. Ҷаҳонгир дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст ва по ниҳоданаш ба ҷодаи ҳунар тасодуфӣ нест. Падараш Хурсандмурод Зарипов, амакаш Қобилҷон Зарипов ва писарамакаш Комилҷон Зарипов, ҳамагӣ санъаткоранд. Ҳоло ӯ аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик ба шумор меравад, ки бо таронаҳои дилнишину самимиаш ба дилҳо ҷой ёфтааст ва мухлисонаш сурудҳояшро пайваста гӯш мекунанд. Ҷаҳонгир услуби махсуси сурудхонии худро дошта, воқеан ҳам таронаҳояш ба дилҳо роҳ меёбанд. Махсусан, бо таронаҳои “Намедонам”, “Медонӣ”, “Ёдат ҳаст?” ва “Ҷони туям” сароянда тавонист, ки дар рӯйхати онҳое ҷой бигирад, ки сурудҳояшон шунавандаи зиёд доранд.

Дар ҳоли ҳозир Ҷаҳонгир Зарипов дар Инстаграм зиёда аз 217 ҳазор обуначӣ дорад. Ӯ саҳифаашро фаъолона пеш бурда, мудом аз навигариҳои эҷодиаш тавассути он ба ҳаводорони ҳунараш хабар медиҳад.

Мо бо Ҷаҳонгир Зарипов суҳбати кӯтоҳ доштем ва махсус барои рубрикаи “То машҳур шудан” аз ин ҳунарманди ҷавону маҳбуб пурсон шудем, ки пеш аз машҳур шудан ба чӣ корҳо машғул буд.

— Ростӣ, пеш аз он ки ба роҳи санъат қадам мондам, ба чанд ҷой барои кор муроҷиат мекардам, аммо қабул намекарданд. Хеле бекор гаштам ва баъдан ба хулосае омадам, ки шояд ишорае буд барои санъаткор шуданам. Хуллас, пас аз коркобии хеле зиёд, дар як маркази замономӯзӣ ба ҳайси менерҷер се моҳ кор кардам ва фаҳмидам, ки бояд санъаткор шавам.

Ҷаҳонгир Зарипов дар мавриди оғози фаъолияти сарояндагиаш чунин гуфт:

— Шояд бархеҳо надонанд, аммо ман ҳанӯз аз соли 2011 по ба ҷодаи ҳунар гузоштаам ва хеле зиёд кӯшиш мекардам, ки таронаҳоям писанди мардум гарданд. Дар умум, аз ҳамон сол танҳо ва танҳо дар фикри пешбурди санъату ҳунар будам ва шукр, ки то имрӯз ба хостаҳоям расидам. То андозае мардум маро шинохт ва таронаҳоямро қабул кард. Ҳарчанд фаъолияти ҳунарии худро аз соли 2011 оғоз карда бошам ҳам, вақте соли 2015 суруди “Намехоҳам”-ро нашр карда будам, мардум гӯш мекарданд, аммо намедонистанд, ки сароянда кист. Соли 2016 бошад, суруди дуовозаи мо бо Мастер Исмайл хеле маъруф шуд ва моро зиёдтар шинохтанд. Баъдтар, суруди “Медонӣ” хеле машҳур шуд ва фикр мекунам, яке аз сурудҳоест, ки маро ба мардум шиносонд. Ҳамчунин, соли гузаштаву имсол бо сурудҳои “Ёдат ҳаст” ва “Ҷони туям” маҳбубияти бештар ба даст оварда, ҳарду суруд ҳам “хит“ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *