ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
4-уми апрел дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Дар Тайван аз соли 1931 инҷониб ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 2011 он қувваи қонунӣ пайдо кардааст.
-Рӯзи ҷаҳонии масъала оид ба хатари мина бо қарори Ассамблеяи генералии СММ аз 8-уми декбари соли 2005 қабул шудааст.
-Дар Ангола баъди хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳи 1975-2002 ин кишварро фаро гирифта буд, ҳамчун рӯзи сулҳ ва ризоият таҷлил мегардад.
-Дар Сенегал бо вуҷуди он ки истиқлолият расман 20-уми июни соли 1960 қабул шудааст, аммо 4-уми апрели соли 1959, баъди таъсисёбии Федератсияи Малӣ, ҳамчун рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.
ҲАЙРАТОВАР
-Рӯзи ҷаҳонии калламуш, ки аз соли 2003 инҷониб, баҳри болидарӯҳии дӯстдорони ин навъи ҷонвар таҷлил карда мешавад.
-Рӯзи ҷаҳонии “ҷанг” бо болишт, ки аз соли 2005, баъди “муҳориба”-и шадиди донишҷӯёни Донишгоҳи Олбанӣ, ки дар он 3648 нафар иштирок намуданд, қайд карда мешававад.
-Рӯзи ҷаҳонии намад аз соли 2009 инҷониб, баъди эълони расмии “Соли ҷаҳонии намади табиӣ” ҷашн гирифта мешавад.
-Рӯзи ҷаҳонии сабзӣ шурӯъ аз соли 2003, бо мақсади тарғиби ҷиҳатҳои фоидаовари ин навъи сабзавот таҷлил мегардад.
ФАРАҲБАХШ
-Дар Арманистон ҳамчун рӯзи шоири бузурги армян Ованеса Туманяна (1869-1923) ҷашн гирифта мешавад.
-Рӯзи гиромидошти Исидора Севилск, ҳомии донишҷӯёне, ки дар таърих аввалин донишномаи “Этимология”-ро дар 20 ҷилд таҳия намуданд.
-Рӯзи ҷаҳонии устои фортепиано бо вуҷуди расман аз ҷониби ниҳоде қабул нашуданаш, аз тарафи шахсони дар ин самт фаъолияткунанда қайд карда мешавад.
-Дар ин рӯз барфҳое, ки тӯли зимистон дар соҳилҳо ҷамъ шуда буданд, ба худ ранги кабуди осмонӣ гирифта, каме нарм шуда, ба сӯи баҳри беканор ҳаракат мекунанд.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ