Ҷаҳони ид дар “Тоҷикистон”
6-уми апрел дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
Ҷиддӣ
-23-юми августи соли 2013 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун рӯзи ҷаҳонии варзиш ба хотири рушди сулҳ қабул шудааст.
-Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиев 11-уми январи соли 2014 қарор оиди таҷлили рӯзи кормандони соҳаи варзишро ба тасвиб расонидааст.
-Аз соли 1320 дар Шотландия ҳамчун рӯзи тартана (навъи матоъи рах-рах, ки аз нахҳои рангоранг бофта мешавад) ҷашн гирифта мешавад.
-Моҳигирони Индонезия иди касбии худро бо вуҷуди расман ба қайд гирифта нашуданаш, ҳарсол, бидуни эълони рӯзи истироҳат ҷашн мегиранд.
-Соли 1782 дар Таиланд шӯриши Чакрӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамчунин дар Бангког Буддха Йодфа Чулалоке худро шоҳ эълон кардааст.
-Литвониҳо рӯзи бехатарии ҳаракатро ҷашн гирифта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти полис вохӯрӣ ва озмун ташкил мекунанд.
Ҳайратовар
-Рӯзи тасмачаҳои рангин ба хотири ибрози меҳру садоқати инсонҳо ба ҳамдигар таҷлил карда мешавад. Рамзи асоси ин ид муҳаббат, хушбахтӣ, сулҳ ва меҳрубонӣ аст.
Фараҳбахш
-Амрикоиҳо рӯзи попкорн ва карамелро ботантана ҷашн мегиранд. Ин ғизо бори аввал соли 1893, дар Чикаго омода карда шудааст.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ