ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
28-уми август дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Дар Латвия Рӯзи роҳиоҳанчиёнро таҷлил менамояд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1960 сохтмони роҳи оҳан байни минтақаи Динабург ва Варшава ба анҷом расидааст.
-Дар кишвари Лаҳистон (Полша) Рӯзи авиатсияро қайд мекунанд. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад.
ҲАЙРАТОВАР
-Мардуми Мексика Рӯзи бобоҳо ва бибиёнро ботантана таҷлил мекунанд. Муаллифи ин ҷашн Мариан Маккуэйд, як сокини штати Вирҷинияи Ғарбӣ мебошад.
-Аз 28-уми август то 6-уми сентябр дар Лимассоле Фестивали шароб доир мегардад. Он бори аввал соли 1961 дар Кипр доир гаштааст.
-Дар бештари кишварҳои Африқо Рӯзи лабҳои дарундор (надутых губ) қайд мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз Рӯзи кафшҳои махмалӣ таҷлил мешавад.
ФАРАҲБАХШ
-Дар Кишвари Костром Рӯзи котлет қайд карда мешавад. Ин ид аз соли 2007 инҷониб таҷлил мешавад. Мақсад аз баргузорӣ ҷалби бештари сайёҳон маҳсуб мешавад.
-Дар бештари штатҳои ИМА Рӯзи орзу таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1963 Мартин Лютер Кинг сухани машҳури худ-“Ман орзу дорам”-ро гуфтааст.
-Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Иди милли хамираи олугӣ ва винои сурх таҷлил мегардад. Ин идҳо мақоми ғайрирасмӣ доранд.
-Аз 28-уми август то 6-уми сентябр Фестивали байналмилалии ҳарбӣ-мусиқавии “Спасская башня” доир мегардад. Дар он намояндагони беш аз 10 кишвари олам иштирок мекунанд.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ