ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
2-уми сентябр дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Тибетиҳо Рӯзи демократияро қайд мекунанд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1960 маъмурияти ҳукумати марказии Тибет ташкил шудааст.
-Сокинони Ветнам Рӯзи истиқлолиятро таҷлил менамоянд. Ин ид пас аз тобеияти Фаронса баромадани Ветнам мақоми давлатӣ гирифтааст.
-Дар Руссия Рӯзи гвардияи миллиро қайд менамоянд. Ин ид бо фармони президент аз 22-юми декабри соли 2000-ум инҷониб баргузор карда мешавад. -Амрикоиҳо Рӯзи ғалаба бар Ҷопонро таҷлил мекунанд. Ин ид дар Британияи Кабир ба 14-уми август рост меояд.
-Дар Молдавияи “Приднестрови” Рӯзи истиқлолиятро таҷлил мекунанд. Ин кишвар ҳамчун давлат расман шинохта нашудааст.
ҲАЙРАТОВАР
-Дар Чин Фестивали “Рӯҳҳои гурусна”-ро таҷлил мекунанд. Тибқи тақвими чинӣ ин ид ба 15-умин рӯзи 7-умин моҳи қамарӣ рост меояд.
ФАРАҲБАХШ
-Дар бештари кишварҳои олам Рӯзи умумиҷаҳонии кокос таҷлил карда мешавад. Кокос як навъ мева буда, бештар дар минтақаҳои африқоӣ мерӯяд.
-Аз 2-юм то 12-уми сентябр 77-умин кинофестивали Венетсиябаргузор мегардад. Довари асосии кинофестивал ҳунарманди австралиягӣ Кейт Бланшетт мебошад.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ