ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
3-уми сентябр дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Дар бештари кишварҳои олам Рӯзи ҳамраъйӣ баҳри мубориза бо терроризмро таҷлил мекунанд. Ин сана соли 2005 расман қабул гардидааст.
-Дар Ҷумҳурии Молдава Рӯзи армияи миллиро қайд мекунанд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1991 Қонун “Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳ”-и ин кишвар ба имзо расидааст.
-Сокинони Замбия Рӯзи Леви Патрик Мванавасаро ботантана таҷлил мекунанд. Ин нафар яке аз президентҳои муваффақи кишвари африқоии Замбия мебошад.
-Дар Тоҷикистон Рӯзи авиатсияи гражданиро қайд мекунанд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1924 бори нахуст ҳавопаймои Ю-13 дар фазои кишвари мо парвоз кардааст.
-Дар кишвари Тунис Рӯзи ҳаракати истиқлолхоҳиро ботантана таҷлил мекунанд. Ин ҳаракат боиси он гаштааст, ки Тунис истиқлолияти комили худро ба даст оварад.
-Канадагиҳо ва бритониҳо Рӯзи флоти тиҷоратии хешро қайд мекунанд. Ин флот соли 1939 расман таъсис ёфтааст.
-Давлати Қатар Рӯзи истиқлолияташро таҷлил мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1971ин кишвар аз тобеияти Британияи Кабир баромадааст.
-Сокинони Австралия Рӯзи парчами миллиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Ин парчам дар ҳамин рӯзи соли 1901 барафрохта шудааст.
ҲАЙРАТОВАР
-Хурдтарин давлати олам-Сан-Марино рӯзи “таваллуд”-ашро ҷашн мегирад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 301 Сан-Марино ҳамчун давлат арзи ҳастӣ кардааст.
ФАРАҲБАХШ
-Дар Португалия Фестивали ангурро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз шоу-барномаҳо ва рақсҳои фолклорӣ барпо карда мешавад.
-Рӯзи ҷаҳонии биноҳои муҳташам қайд карда мешавад. Бурҷи Халифа бо баландии 828 м ва Бурҷи Шанхай бо баландии 632 м. аз баландтарин бино дар кураи Замин аст.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ