ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
4-уми сентябр дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Арманиҳо Рӯзи наҷотдиҳандагонро таҷлил менамоянд. Ин ид соли 2008 бо қарори ҳукумати марказӣ мақоми давлатӣ гирифтааст.
-Шурӯъ аз соли 1994 дар тамоми кишварҳои олам Рӯзи ҷаҳонии таэквандо қайд карда мешавад. Таэквандо як навъи варзиш ба ҳисоб меравад.
-Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2007 ба бинои муҳташами КМТ санги асос гузошта шудааст. Ба ин хотир, ин рӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб эълон шудааст.
ҲАЙРАТОВАР
-Аргентинагиҳо Фестивали муҳоҷиронро барпо мекунанд. Шурӯъ аз соли 1949, баргузории ин фестивал ба расмият даромадааст.
-Сокинони Амрико Рӯзи табиати дастнорасидаро ду маротиба-22 феврал ва 4 сентябр таҷлил мекунанд. Ин ид соли 2005 қабул гардидааст.
-Дар бештари кишварҳои олам Рӯзи роҳҳои ношинос қайд карда мешавад. Ин ид мақоми ғайрирасмӣ дорад.
ФАРАҲБАХШ
-Амрикоиҳо Рӯзи рӯзномакашонҳоро таҷлил мекунанд. Ин ид ба шарафи аввалин рӯзномакашонии амрикоӣ дар соли 1833-Барни Флахерти қабул шудааст.
-Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1957 бозии интеллектуалии “Чӣ? Кай?Дар куҷо?” кашф шуда, рӯи экрани телевезион баромадааст.
-Дар бештари кишварҳои олам Рӯзи инсонҳои кунҷкобро қайд мекунанд. Ин ид мақоми ғайрирасмӣ дорад.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ