Ҷабҳаи муқовимат бедор мешавад!

Дар Афғонистон баъди сукути кӯтоҳ Ҷабҳаи муқовимати миллӣ зоҳиран бедор мешавад.

Ахиран шуморе аз афрод зери номҳои гуногун дар вилоятҳои мухталиф даст ба муқовиматҳои мусаллаҳона задаанд. Тозатарин рухдод суханони Самеъ Содот, яке аз генералҳои баландпояи неруҳои мусаллаҳи пешини Афғонистон аст, ки мегӯяд, онҳо вазифадоранд барои озодии Афғонистон даст ба кор шаванд.

Самеъ Содот дар як паёми савтӣ, ки бештар хитоб ба неруҳои амниятӣ ва дифоии ҳукумати пешин буд, гуфт, Толибон ба хости душманони Афғонистон барои фирори кадрҳо ва вайрон кардани зербиноҳо амал карданд.

Ӯ таъкид кардааст, ки пас аз Иди Фитр раванди сафарбар кардани неруҳои амниятӣ ва дифоӣ оғоз хоҳад шуд: «Мо барои кишварамон гомҳои амалӣ хоҳем бардошт ва дар ин қадамҳои амалӣ фаъолиятҳои сиёсӣ, ҷунбиши маданӣ ва фаъолиятҳои мусаллаҳона вуҷуд доранд. Мутаассифона, чорае надорем. Толибон моро маҷбур кардааст, то аслиҳа ба даст гирифта ва бо зӯри силоҳ озод кунем».

Генерал Самеъ Содот чандин мақоми низомии калидиро дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ба уҳда дошт ва охирин мақоми ӯ масъули умумии амнияти Кобул буд. Вай ҳамчунин фармондеҳи неруҳои вижаи артиши Афғонистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *