Ҷаббор Расулов — гумонбари дуздӣ
Тасаввур карда метавонед, ки аз хонаи шоир пул гум шаваду гумонбари дуздӣ сарвари кишвар бошад? Ҳеҷ гоҳ! Вале дар таърихи кишвари мо чунин қазия иттифоқ афтодааст.
Ровиёни ахбор ин қазияро ба ҳар шева нақл мекунанд, вале муаллифи ин сатрҳо асли онро аз Низорамоҳ Зарипова шунидааст, ки шоҳиди ҳол буд. Чун имрӯзҳо алоқмандони адабиёт 100-солагии мавлуди Аминҷон Шукуҳиро таҷлил мекунанд, ба ёд овардани ин воқеа айни муддаост.
Шоир Аминҷон Шукуҳӣ (тав. 10.06.1923, деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) аз даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вазифаҳои масъул кор мекард. Солҳои ҷанг дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро ба поён расонида, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (имрӯза “Ҷумҳурият”) таъин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурда, сипас, то охири умр (ваф. 10.06.1979), раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ будааст.
Дар ҳамон солҳо Аминҷон Шукуҳӣ ҳамсояи Котиби якуми ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов буд. Сарвари ҷумҳурӣ ҳам ба шоир муносибати нек дошт ва шабҳо вақте фориғ аз кор мешуд, ба хонаи ӯ меомад ва ҳар ду суҳбаткунон то дер шоҳмотбозӣ мекарданд.
Рӯзе чун анъана Ҷаббор Расулов шом ба хонаи Шукуҳӣ меҳмон мешавад. Сарвари кишварро сари мизи шоҳона оросташуда даъват карда, палави хушмазза барояш меоранд. Меҳмони олиқадр ҳам онро нӯши ҷон мекунад ва суҳбати онҳо сари як пиёла чою бозии шоҳмот идома меёбад.
Он рӯз димоғи Шукуҳӣ чоқ буд. Зеро рухсатии меҳнатӣ гирифта, ҳамчун мансабдори баландпояи давлатӣ 600 сӯм пули рухсативу табобат гирифта буд. Он вақт ин пули калон буд (худ тасаввур кунед, 75 копейк баробар ба 1 доллар буд).
Субҳ Аминҷон Шукуҳӣ ҳамроҳи ҳамсараш барои харидани телевизиори ранга ба мағоза мераванд. Молро интихоб карда, даст ба ҷайб мебарад, ки 1 тин ҳам нест. Тарбуз аз бағали шоир меафтад. Каме хиҷил шуда, ҳар ду ба хона мешитобанд. Тамоми ҷойро мекобанд, вале пулҳоро намеёбанд. Ҳамин тавр, Аминҷон Шукуҳӣ маҷбур мешавад, ки милиса ҷеғ занад. Корманди милиса ҳам зуд мерасад ва аз пайи муайян кардани дузд мешавад.
— Ғайр аз аъзои оила ба хонаатон кӣ омада буд?,- мепурсад милиса.
— Шаби гузашта фақат Ҷаббор Расулович омада буданд, мо ош хўрдем, баъд шоҳмотбозӣ кардем…,- мегӯяд Шукуҳӣ.
— Кадом Ҷаббор Расулов?,- мепурсад милиса.
— Расулови сарвари ҷумҳурӣ,- бепарво посух медиҳад шоир.
Қалам аз дасти корманди милиса меафтад. Вале ӯ чорае надошт, ки аз қазия роҳбарияташро огоҳ накунад.
Ҳамон рӯз гап то вазири умури дохилӣ ва раиси кумитаи бехатарӣ ва билохира ба гӯши Ҷаббор Расулов мерасад. Расулов ин ду мақоми баландпояи қудратиро ҷеғ зада, супориши қатъӣ медиҳад:
— Дузд як нафар, гумонбар сад нафар. Ман воқеан меҳмони Шукуҳӣ будам. Бинобар ин, худамро нороҳат эҳсос мекунам. Худи ҳамин рўз дуздро ёфтан лозим, вагарна…
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба кор мешаванд. Маълум мешавад, ки оилаи Аминҷон Шукуҳӣ қабл аз рафтан ба телевизорхарӣ чанд костюму пиджакро ба хушкшўӣ дода будааст ва пул дар кисаи яке аз он пиджакҳо будааст. Пул худи ҳамон рӯз пайдо ва ба Аминҷон Шукуҳӣ баргардонида мешавад.
Ҳамин тавр, номи Ҷаббор Расулов аз гумонбари дуздӣ тоза карда мешавад.
Субҳи рӯзи дигар Ҷаббор Расуло ба Аминҷон Шукуҳӣ мегӯяд:
— Аминҷон, говатро маҳкам банду ҳамсояатро дузд нагир!
Шоир ҳам ҳозирҷавобӣ мекунад:
— Шукр мегўям, ки гумонбари дуздӣ шумо будед, вагарна ман пулҳоямро наёфта, дилкаф мешудам…
Ҳамин тавр, дӯстии Ҷаббор Расулов ва Аминҷон Шукуҳӣ то вопасин рӯзҳои умри шоир идома мекунад.
Аминҷон Шукуҳӣ умри хеле кам дидааст. Дар синни 56-солагӣ, дар авҷи камолоти эҷодӣ реҳлат кардаст. Вале аз худ осори гаронбаҳо ба мерос гузошт. Шеърҳояш тариқи маҷмӯаҳои «Суруди чашмасор» (1948), «Ватани сулҳ» (1952), «Рӯзҳои мо» (1954-1955), «Садои дил» (1956), “Кӯчабоғи ошиқон» (1962), «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Арзи қалам» (1971), «Чормағз» (1973) ва ғайра ба нашр расидаанд. Дар ҳамқаламии Ҳилолиён Аскар қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1978) ва «Садафи сиёҳ» (1974)-ро пешкаши хонандагон намудааст. Муаллифи қиссаи «Парии ҷазира» (1973) аст. Ҳамчунин маҷмӯаҳои ашъори «Ил-18 омад» (1968), «Баррачаи дупо» (1964), қиссаҳои «Об аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1972)-ро барои бачаҳо эҷод кардааст. Драмаҳои «Кӯчабоғи ошиқон (1964), «Шабҳои фироқ» (1968), «МИВО» (1970), либреттои операи «Бозгашт» (1967) низ, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар театрҳои Душанбею Хуҷанд ба саҳна гузошта шудаанд. Қиссаи «Об аз куҷо меояд?» филмбардорӣ низ шудааст. Беш аз 100 суруди дилангезашро сарояндагон месароянд.
Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва як «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст. Соли 1994 сазовори унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (пас аз маргаш) гардидааст.
О. НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ