Ҷабборов бо Путин гуфтугӯ кард

Содир Ҷабборов, Президенти Қирғизистон ба Маскав сафар карда, бо Президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.  Ин нахустин сафари хориҷии Содир Ҷабборов ба сифати Президент ҳисоб меёбад, ки 24-уми феврал иттифоқ афтод.

 Дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷорату савдо, ҳамкориҳо дар доираи созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, таъсири падемия ба соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ шудааст.

Ба иттилои расонаҳои  қирғизӣ,  сафари Ҷабборов ба Маскав то 25-уми феврал идома меёбад. Дар  доираи ин сафар  қарор аст инчунин бо сарвазири Русия Михаил Мишустин, раҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатӣ – Вячеслав Володин дидору гуфтугӯ кунад. Ду рӯз пеш аз парвоз Ҷабборов сафири Қирғизистон дар Маскавро нав кард ва ба ин вазифа Гулнора-Клара Саматро таъин намуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *