Ҷабборов сафарро аз гулчамбаргузорӣ дар пояи Исмоили Сомонӣ оғоз намуд
Сафари Содир Ҷабборов соати 8:50-и рӯзи сешанбе бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд. Соати 9 раиси ҷумҳури Қирғизистонро Президент Эмомалӣ Раҳмон дар «Қасри Миллат» пешвоз гирифт. Ба иттилои расмӣ, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон 1 соату 40 дақиқа бо ҳам як ба як сӯҳбат мекунанд. Аз соати 11 то 11:50 музокирот бо иштироки ҳайатҳо баргузор мешавад.
Айни замон имзои 4 созишнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст. Ҷузъиёти созишномаҳо то ҳадди имкон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Рӯзноманигорони қирғиз ҳам мегӯянд, намедонанд, ки санадҳо шомили кадом мавзуъҳо ҳастанд.
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар бораи натиҷаи музокироташон бо расонаҳо сӯҳбат кунанд. Соати 15 Содир Ҷабборов ба Бишкек-пойтахти Қирғизистон, бармегардад.
Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари кишвари ҳамсоя «бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб» рафтаанд.
Содир Ҷабборовро дар ин сафар вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев, вазири иқтисод Оқилбек Ҷабборов, вазири нақлиёт ва иртиботот Гулмира Абдралиева, вазири ҳолатҳои фавқулодда Бообек Ажикеев, вазири фарҳанг ва иттилоот Кайрат Иманалиев ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин нахустин сафари Содир Ҷабборов ба ҳайси президент ба Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ