Ҷабборов салоҳияти президентро ба дӯш гирифт

Баъди эълони натиҷаҳои интихобот, ки дар Қирғизистон мардум ба кӯчаҳо баромаданд ва ҳукуматро сарнагун ва президентро маҷбур ба истеъфо карданд

Парлумони Қирғизистон қарор дар бораи ба сарвазири навинтихобшуда  додани салоҳиятҳои президентро  тасвиб кард. Содир Ҷабборов  рӯзи 14-уми октябр сарвазир интихоб шуд ва баъд аз чанд рӯзи бесарусомонӣ ва буҳрони сиёсие, ки баъди интихоботи парлумонии рӯзи 4-уми октябр ба вуҷуд омад. Баъди эълони натиҷаҳои интихобот, ки дар Қирғизистон мардум ба кӯчаҳо баромаданд ва ҳукуматро сарнагун ва президентро  маҷбур ба истеъфо карданд.Дар нишасти парлумон дар рӯзи 16-уми октябр, вакилони мардумии Қирғизистон ҳамчунин қарори вазъи фавқуллода дар шаҳри Бишкекро беэътибор карданд. Содир Ҷабборов, ки барои одамрабоӣ ба зиндон маҳкум шуда буд, ҳангоми тазоҳуроти ҳафтаи гузашта бо дасти тарафдоронаш аз зиндон озод шуд. Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр аз мақомаш истеъфо дода ва гуфт, “сулҳ ва ваҳдат дар кишвари мо муҳимтар аз ҳаргуна мансаб аст”.Бар асоси Қонуни асосии Қирғизистон, дар сурати истеъфои президент, раиси парлумон салоҳиятҳои ӯро иҷро мекунад, вале раиси парлумон Қанотбек Исоев гуфт, ки салоҳиятҳои президентро  то замони интихоботи нав бар уҳда намегирад. Содиқ Ҷабборов ҳангоми суханронӣ дар парлумон пешниҳод кард, интихоботи рӯзи 10-уми январи соли оянда сурат бигирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *