Наврӯз Ҷаъфаров: Ҳоло зарурат ба чораҳои шадид нест

Дар Тоҷикистон зарурате ба чораҳои шадиди пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ мегӯяд, ки ҳоло танҳо хуруҷи бемориҳои мавсимӣ дар кишвар сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, чун дигар кишварҳои минтақа дар ҷумҳурӣ низ баландшавии сатҳи бемориҳои роҳҳои нафас, яъне зуком ва ба зуком монанд ба чашм мерасад.
«Хушбахтона зарурати чораҳои шадиди пешгирикунанда, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад. Ҳама дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд», — гуфтааст ӯ.
Ба таъкиди номбурда, озмоишгоҳи вирусологӣ гардиши зукомро тасдиқ кардаанд, ки ин якумин мавҷи беморӣ буда шадидии он то ҳол нигаронкунанда нест. Навъи нави коронавирус низ то ҳол ҷумҳурӣ сабт нашудааст. Бинобар ин, ваъи бемориҳои эпидемиологӣ дар Тоҷикистон таҳти назорати мутахассисони вазорат будааст.

Тайи чанд рӯзи охир тариқи паёмрасонакҳо, аз ҷумла вотсап, вайбер ва телеграм   ба шаҳрвандони мамлакат  маълумоте ирсол гардида истодааст, ки гӯё дар кишвар навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар гардиш аст. Вале чанде пеш Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  хабари  «гардиши навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB”-ро  дар кишвар рад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *