Ҷайҳун: ҷалби омӯзгорон аз Бадахшон

Дар назар аст, ки то оғози соли таҳсил аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 60 омӯзгор ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун ҷалб шаванд.

Абдулҳафиз Оидиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун имрӯз, 8-уми августи соли равон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки то имрӯз 10 омӯзгор ҷалб шудааст. Ӯ мегӯяд, дар назар аст, ки то моҳи сентябр боз 50 омӯзгори дигар ҷалб карда шавад.

«Муовини раиси ноҳия якҷо бо мудири шуъбаи маориф ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рафта буданд, то омӯзгоронро ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб кунанд. Мо барои онҳо шароити хуби зиндагиро таъмин мекунем»,- афзуд ӯ.

Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар як суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки то имрӯз 4 омӯзгори фанни математика, 2 омӯзгори таърих ва 4 омӯзгори синфхои ибтидоӣ ба ноҳия омадаанд. Ба таъкиди вай, боз 50 омӯзгори дигар барои омадан ваъда кардаанд.

— Омӯзгорон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайхун бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мешаванд. Вале то соҳиби замин шудан онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ дар наздик ба муассисаҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд,- гуфт мавсуф.

Ҷалби омӯзгорон аз вилояти мавриди назар ба ноҳияи Ҷайҳун иқдомест, ки ҳанӯз дар ин минтақаи кишвар собиқаи кам дорад. Ин иқдом боис мешавад, ки мушкилоти норасоии омӯзгорон аз байн бурда шавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *