Ҷайҳун: 112 қонунвайронкунӣ вобаста ба замин ошкор карда шуд
Дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун 112 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба замин ошкор шудааст. Майдони замине, ки сокинон қонуншиканӣ кардаанд, наздики 28 гектарро ташкил медиҳад.
Саидҷаъфар шарифзода, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Ҷайҳун мегӯяд, ки вобаста ба вайронкунии қонунгузории замин дар 5 ҳолат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар 9 ҳолат барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура мавод пешниҳод шудааст. Ӯ афзуд, ки барои боқимонда қонуншиканиҳои вобаста ба замин нисбати сокинон ҷарима таъин гардидааст.
“Онҳое, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, беш аз 64 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ҳамчунин беш аз 90 дарсади қонуншиканӣ вобаста ба замин пурра бартараф карда шудааст”,- гуфт ӯ.
Саидҷаъфар Шарифзода афзуд, ки сокинон бештар барои истифодаи ғайримақсадноки замин, риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин, истифодаи он бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва риоя накардани тартиби истифодаи замин ҷарима карда шудаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ