Ҷайҳун: 137 ҳолати қонуншиканӣ дар масъалаи замин (аудио)

Дар ҳафт моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун 137 ҳолати вайронкунии қонун ошкор шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2021 қонуншикании замин 150 ҳолатро ташкил мекард.

Шарифзода Сайҷаъфар, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки 137 конуншиканӣ дар майдони бештар аз 35 гектар аст. Ӯ мегӯяд, бо пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ қонуншиканӣ дар ин самт нисбати ҳафт моҳи соли гузашта 13 ҳолат кам мебошад.

— Онҳое, ки дар самти замин қонуншиканӣ кардаанд, бештар аз 81 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ҷарима ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 4 ҳазору 500 сомонӣ бештар аст. Аз ҷаримаи таъиншуда 72 ҳазору 600 сомонӣ аллакай ба суратҳисоби кумита ворид карда шуд,- афзуд вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *