Абдулҳафиз Одиназода

Ҷайҳун бунёди беш аз 500 иншоотро ба нақша гирифтааст

Дар ноҳияи Ҷайҳун ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони беш аз 500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар соли 2022 дар баробари ифтитоҳи иншооти гуногун, панҷ корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳо

Давоми соли 2022 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2021-2026 “Солҳои рушди саноат” ва баҳри истиқбол намудани шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд.

Бино ба иттилои раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода, феълан дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, ки аз 222 банд иборат мебошад. Дар мувофиқа бо тамоми сохторҳои марбута сохтмони 504 иншооти гуногун дар нақша аст.

Иҷрои буҷет

Ба 1-уми январи соли 2023 шумораи андозсупорандагон 5 ҳазору 515 адад буда, 354 адад шахсони ҳуқуқӣ, 5 ҳазору 161 соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд — 190 нафар, соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда — 824 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахсони ҳуқуқӣ — 4 ҳазору 147 адад мебошанд.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Ҷайҳун бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,4 дарсад иҷро гардидааст. Аз 53 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷет 55 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025 бо 131 лоиҳа ба маблағи беш аз 133 миллион сомонӣ таҳия гардидааст. Аз ҷумла, дар соҳаи иқтисодӣ 70 лоиҳа ба маблағи 94 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, иҷтимоӣ — 28 лоиҳа ба маблағи 26 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ва инфрасохтор — 33 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2022-юм 51 лоиҳа ба маблағи 37 миллиону 300 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки беш аз 28 дарсади барномаи мавриди назарро ташкил мекунад. Бояд гуфт, ки боз 37 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор доранд.

Татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025 бомаром идома дорад. Тӯли ин муддат 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 11 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 2 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Дар ин давра зиёда аз 5 миллиону 630 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб шудааст, ки аз ин ҳисоб 3 Маркази савдо, 1 коргоҳи истеҳсоли дару тиреза, 1 дорухонаи тиббӣ, 1 филиали “Амонатбонк”, 1 ошхона ва меҳмонхона, 1 фермаи чорвопарварӣ, 1 бунгоҳи саломатӣ, 1 коргоҳи коркарди шолӣ, 1 осиёби ордбарорӣ ва 12 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, аз ҳамин ҳисоб наздики 5 километр роҳи мошингард таъмири асосӣ карда шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 129 миллион 300 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 23 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш беш аз 122 дарсадро ташкил додааст.

Дар ин давра ҳаҷми истихроҷи нафт 7 ҳазору 961 тонна (100,8%), истеҳсоли битум 3070,8 тонна (100,1%), мазут 1568 тонна (106,7%), бензин 231,6 тонна, шланги ПВХ 24,5 миллион метри тӯлонӣ (224,5%), пластикаи филизӣ 1260,5 метри мураббаъ (100,2%), орд 10233,3 тонна (110,4%), нон ва маҳсулоти нонӣ 1581,4 тонна (111,4%), гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1045,4 тонна (100,1%), консерваҳо 1334,0 ҳазор қуттии шартӣ (103,6%), маҳсулоти макаронӣ 3,9 тонна (170,3%), маҳсулоти қаннодӣ 3,8 тонна (100,0%), нахи пахта 223,5 тонна (144,9,%), чигити пахта 366,1 (144,4), биринҷ 221,1 тонна (190,3%), либоси мактабӣ 81148 дона (17,5 маротиба зиёд), хишти хом 289,0 ҳазор дона (100,5 %), хишти сементӣ 483,2 ҳазор дона (101,0%), истеҳсоли электроскутер ба 95,0 адад расонида шудааст.

Ифтитоҳи панҷ корхона дар як сол

Соли 2022 дар ноҳияи Ҷайҳун 5 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, ки ин 125 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Аз ҷумла, ҶДММ “Тоҷикистон Тахор пластик” (истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ барои меваҷот), ҶДММ “Технологияҳои офтобӣ” (истеҳсоли электроскутерҳо, аккумуляторҳо ва панелҳои офтобӣ), ҶДММ “Нури Саид” (коркарди пахтаи хом), ҶДММ “Халил Икром” (истеҳсоли деворҳои бетонӣ) ва ҶДММ “Ронанда — асри ХХI” (истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ) мебошанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо ҳашт миллион сомониро ташкил додааст.

Нақлиёт ва роҳсозӣ

Масофаи умумии роҳҳои ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 255 километрро ташкил медиҳад, ки 65, 8 километри он роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 8,4 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 181 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

Дар соли сипаришуда барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо 244 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз он барои таъмири ҷории роҳҳо беш аз 100 ҳазор сомонӣ, барои таъмири асосӣ 84,4 ҳазор сомонӣ, барои таъмири пулу қубурҳо 30,7 ҳазор сомонӣ ва барои кабудизоркуниву зимистонгузаронӣ 28,3 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон дар давраи ҳисоботӣ се пул бо дарозии 16-метр бо харҷи 65 ҳазор сомонӣ, шағалпушкунӣ 48,6 километр ба маблағи 334,5 ҳазор сомонӣ ва таъмири ҷорӣ 14,5 километр ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ, таъмири роҳи асфалтпӯш 2,7 километр ба маблағи 633 ҳазор сомонӣ ва таъмири қубур — 1 адад бо дарозии 7 метр ба маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми боркашонӣ ба 1 ҳазору 780 тонна (122,8 фоиз) ва мусофиркашонӣ бошад, ба 2270 нафар (137 фоиз) расонида шудааст.

Соҳаи кишоварзӣ

Дар ноҳияи Ҷайҳун 4 ҳазору 171 заминистифодабаранда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин хоҷагиҳои деҳқонӣ 4 ҳазору 147 адад ва корхонаҳои кишоварзӣ 24 адад мебошад.

Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 миллиарду 41 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 185 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти соҳаи растанпаварӣ 107,9 фоиз ва чорводорӣ 129,3 фоизро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ кишти пахта ба 7200 гектар, ғалладонагӣ ба 6304, аз он гандум 4540,0 га ва ҷуворимаккаи барои дон 1266,0 га, сабзавот ба 4337 гектар, аз он пиёз 3400 гектар, картошка 525 гектар, полезӣ 2080 гектар, шолӣ 306 гектар, зироати хӯроки чорво 3065 гектар ва бунёди боғҳои нав ба 20 гектар расонида шудааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 41 ҳазору 498 сар, аз он ҷумла модагов ба 17 ҳазору 811 сар, моли майда ба 62 ҳазору 790 сар, саршумори асп ба 1580 сар, паранда ба 63 ҳазору 388 сар, оилаи занбӯри асал ба 1340 оила ва харгӯш ба 1290 сар расонида шудааст.

Беҳтарсозии шароити таълим

Дар ноҳияи Ҷайҳун 3 муассисаи томактабӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва 3 марказ, аз ҷумла Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия фаъолият менамоянд. Феълан 1 ҳазору 530 омӯзгор ба таълиму тарбияи 36 ҳазору 432 хонанда машғул мебошанд.

Инчунин, дар ноҳия баҳри касбомўзӣ 1 муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ” ва баҳри таълими касби омўзгорӣ 1 муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омўзгорӣ-муҳандисӣ» фаъолият мекунад, ки дар онҳо 35 омўзгору устои таълимӣ ба 454 нафар донишҷў касбу ҳунар меомўзонанд.

Дар 3 муассисаи томактабӣ 300 кўдак дар 16 гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 20 муассисаи таълимӣ 380 кўдаки синни 5-6-сола ба маркази инкишофи кўдак ҷалб шудаанд.

Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ дар назди 2 муассисаи таълимӣ 16 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 384 ҷойи нишасти хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамчунин, дар назди 15 муассисаи таълимӣ сохтмони кам не, 92 синфхонаи иловагӣ рафта истодааст, ки баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ беш аз 2 ҳазору 200 ҷойи нишаст ташкил мешавад.

Сохтмони бинои шуъбаи маориф ва таъмиру азнавсозии муассисаи томактабии “Офтобак” бошад, идома дорад.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия 68 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 1 беморхонаи рақамӣ, 4 беморхоаи минтақавии деҳотӣ, 1 маркази саломатӣ, 10 маркази саломатии деҳотӣ, 40 бунгоҳи саломатӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 маркази зидди бемориҳои сил, 1 маркази иммунопрофилактика, 1 маркази вируси норасоии масъунияти одам, 1 маркази зидди бемориҳои тропикӣ, 1 шуъбаи безараргардонӣ ва 5 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият менамоянд.

Дар соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ 1177 нафар кормандон кор ва фаъолият доранд, ки аз ин шумора 137 духтур, 555 нафар кормандони миёнаи тиб, 301 нафар кормандони хурди тиб ва 184 нафар кормандони техникӣ мебошанд. Дар ин соҳа кормандони бо дараҷаи олӣ 28 нафар, дараҷаи якум 18 нафар, дараҷаи дуюм 17 нафар ва 86 нафар кормандони миёнаи тиббӣ бо дараҷаи олӣ, дараҷаи якум 24 нафар ва дараҷаи дуюм 92 нафар фаъолият доранд.

Соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 35 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳангӣ, 1 театри мардумӣ, 1 клуби деҳотӣ, 1 клуби сайёр, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 22 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангу фароғатӣ ва истироҳатӣ, 1 мактаби мусиқии бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар 24 китобхона 119 ҳазору 151 нусха китоб маҳфуз мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона ва китобхонаи филиали №9 бо харҷи наздики 36 ҳазор сомонӣ таъмир карда шудаанд.

Афзоиши дастовардҳои ҷавонон

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 83 медал, аз ҷумла 23 медали тилло, 30 нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардидаанд.

Бо мақсади ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани наврасону ҷавонон, дар ноҳия муассисаи давлатии мактаби варзишӣ фаъолият намуда, он аз рўи 6 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, волейбол, шашкаю шоҳмот ва тенниси рӯи миз амал мекунад, ки дар он зиёда аз 566 наврасону ҷавонон (178 нафар духтарон) ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Давоми солҳои 2019-2022 дар ноҳия 11 майдонча ва 3 толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуда, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар боз сохтмони 12 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас ҷиҳати нишондодҳои муқоисавии рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун, раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода зикр намуд, ки дар оянда низ барои саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоию вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ саъй карда мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *