Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар Амонатбонк

15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси Раёсати Бонк Салимзода А.А., муовини раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии бонк, кормандон ва устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов иштирок доштанд.

Нахуст, раиси Амонатбонк ҳозиринро бо санаҳои таърихӣ ва фархунда — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент – ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.  

Ҳамзамон, дар ин рӯз рӯйдоди муҳими таърихии дигар дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба амал омадааст, ки дар тақдири минбаъдаи давлату миллат арзиши наҷотбахш дорад.

Ин рӯйдоди тақдирсоз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов қайд кард, ки таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвар бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи сартосарӣ дар мамлакат ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами хеш аз 32-юмин солгарди ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш таҷлил менамоянд.

Яке аз аҳамияти таърихии ин Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, зеро беҳокимиятӣ, набудани сарвар, пешвои раҳнамову раҳкушо боиси пайдо шудани гурӯҳҳо гардида, ба аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ боис мегашт.

Аз ин рӯ, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Роҳбарияти Олии кишвар, интихоби оқилона буд, зеро вакилон ба хубӣ медонистанд, ки барои бартараф намудани вазъияти ҳассоси кишвар дар садри он нафаре лозим аст, ки пеш аз ҳама, иродаи қавӣ, дониши баланд, ҷасорат ва матонати худодод дошта бошад ва ҳамин гуна хислатҳоро дар симои Пешвои миллат дарёфтанду иштибоҳ накарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *