Ҷалби Олмон ба сохтмони “Роғун”

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор гардид. Дар ҳошияи ин нишаст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот дошт. Олаф Шолтс бори аввал ба Осиёи Марказӣ сафар кард ва аввал ба Ӯзбекистон ва баъдан ба Қазоқистон рафт. Бо ин кишварҳо чанд ҳуҷҷати муҳимро низ ба имзо расонд.

Олмон манфиатдори ҳамкорӣ

Олаф Шолтс дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст.

“Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем”,- таъкид намуд Олаф Шолтс.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Олаф Шолтс ба саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии Тоҷикистон таъкид намудааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ ва ҷалби Олмон барои сохтмони НБО-и “Роғун” изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.

Нақши Олмон дар рушди Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки Олмон ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дар рушди иқтисоди Тоҷикистон низ нақш дорад. Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо аз Олмон технологияи навро барои фаъолият дар соҳаҳои тандурустӣ ва саноат ворид менамояд. Ин кишвар дар рушди энергетикаи мо ҳам саҳм дорад. То кунун байни Тоҷикистон ва Олмон беш аз 40 санади дуҷониба ба имзо расидаанд. Аз ин теъдод 31 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 10 созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, моҳи июни соли ҷорӣ Созишнома доир ба содагардонии савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон ба имзо расид. Созишномаро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) Сабина Олтхоф имзо гузоштанд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод шарҳ доданд, санад бо мақсади содагардонии расмиёти савдо ва транзит, бозомӯзии кормандони соҳа, баргузории чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба содагардонии расмиёти савдо пешбинӣ шудааст. Инчунин, он иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабули қарорҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдоро ба танзим медарорад.

Созишномаи мазкур аҳамияти минтақавӣ низ дорад. Маблағи умумии он 6,5 миллион евроро ташкил медиҳад. Ин созишнома 5 кишвари Осиёи Миёна — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳа оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон барои 3 сол, яъне солҳои 2024-2026 татбиқ мегардад.

44,4 миллион евро барои НБО-и «Себзор»

Бахши дигари назаррас дар Тоҷикистон бо саҳми Олмон соҳаи энергетика мебошад. Моҳи июли соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки олмонии рушд 44,4 миллион евро грант барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ҷудо гардидааст. Дар доираи ин грант байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расид. Ҳоло неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа бунёд шуда истодааст.  

Мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки неругоҳ барои беҳтар намудани таъмини неруи барқ дар қаламрави ВМКБ ва барои саноатикунонӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Сармояи Олмон ба Тоҷикистон

Таваҷҷуҳи сармоягурони Олмон низ ба Тоҷикистон зиёд аст. Зеро дар Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шудааст. Ҳамин аст, ки моҳи сентябри соли гузашта як ҳайати сармоягузорон аз Олмон ба Душанбе омада буданд. Ин ҳайатро раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс намоядагӣ дошт. Онҳо бо роҳбарони блоки иқтисодии кишвар мулоқот намуда, ҳавасмандии худро барои ҳамкории оянда ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак баён намуданд.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Олмон дар моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 93,9 млн долларро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соли 2022 бошад, 114 миллион долларро ташкил додааст. Аммо ба андешаи коршиносон, бо назардошти захираву имкониятҳо ҷонибҳо метавонанд ин нишондиҳандаро боз ҳам баланд бардоранд.

Ҳоло Тоҷикистон ба як қатор кишварҳо низоми бераводид ҷорӣ намудааст. Аз ҷумла, барои Олмон низоми якҷонибаи бераводид роҳандозӣ гарида, шаҳрвандони ин кишвар метавонанд ба муҳлати то 30 рӯз бе ягон мушкилӣ будубош дошта бошанд. 

Дар соҳаи маориф низ ҳамкории ду кишвар судманд арзёбӣ мегардад. Омӯзиши забони олмонӣ дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ дар Тоҷикистон, таҳсили беш аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар дар макотиби олии Олмон далели ин гуфтаҳост.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *