Ҷамъбасти олимпиадаи муҳими минтақавӣ дар вилояти Хатлон
Дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.
Дар ин олипиада 372 хонанда аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рӯйи шаш фан (математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) бо ҳам сабқат карданд.
Бояд гуфт, ки 12 нафар соҳиби Ҷом, дипломи дараҷаи 1 ва ҳар кадоме ба андозаи 4000 сомонӣ, 14 нафар соҳиби ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи 2 ва ҳар кадоме ба андозаи 2000 сомонӣ ва 17 нафар соҳиби ҷойи 3-юм, дипломи дараҷаи 3 ва ҳар кадоме ба андозаи 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, 22 иштирокчии фаъол соҳиби Ифтихорномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардиданд.
Зикр гардид, ки Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандсозии ҷавонону наврасон ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ минбаъд низ чунин чорабиниҳои барои хонандагон муҳимро баргузор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 23-24-уми сентябри соли 2022 дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» баргузор гардид.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ