Ҷамолиддин Абдуллозода: 99,3 фоизи сироятёфтагон аз COVID-19 дар кишвар шифо ёфтанд
То имрӯз дар ҷумҳурӣ 99,3 фоизи сироятёфтагон аз коронавирус шифо ёфтаанд. Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбати мустақими ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj гуфт.
Ҳамчунин, вазир илова намуд, ки то имрӯз дар кишвар аз ҳисоби сироятёфтагони коронавирус ҳамагӣ 0,68% фавтидаанд. Ба гуфтаи вазир, ин нишондод нисбат ба кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ кам аст.
Вазири тандурустӣ гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон бемории коронавирус нест. Аммо дар кишварҳои ҷаҳон ин беморӣ хурӯҷ дорад ва шаҳрвандони кишварро лозим аст, ки бепарво набошанд ва талаботҳои пешбинамудаи Созмони байналмилалии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Тафсилоти бештари видеоиро интизор бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ