Ҷамолиддин Абдуллозода: Шашгоникҳо норасид ба дунё омада буданд
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки шашгоникҳои дар вилояти Суғд фавтида норасид ба дунё омада будаанд.
«Шашгоникҳо аз таваллуди бармаҳал фавтидаанд. Дар таваллуди бармаҳал чор дараҷа вуҷуд дорад, ки дараҷаи норасоии чорум аз кам будани вазнашон мебошад»,- гуфт вазир.
Иттилоъ дода шуд, ки фавти кӯдакон дар сатҳи ҷумҳурӣ тамоюли пастравӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ