Ҷамшед Аҳмадзода: Пешвои миллат- илҳомбахши рушди сохтмон

Якшанбеи дуюми моҳи август ба рӯзи 9 август рост меояд, ки дар тақвими ҷашнвораҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчун Рўзи кормандони сохтмон сабт ёфтааст. Сохтмон рамзи ободӣ, некуаҳволӣ ва рушду зебоии ҳар кишвар аст. Ба шарафи истиқлолият таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба як диёри шукуфон мубаддал гаштааст. Солҳои охир шаҳри Душанбе бо биноҳои муҳташам ва хуштарҳу рангорангаш бо пешрафтатарин шаҳрҳои дунё дар зебоӣ рақобат дорад. Албатта, дар ин ҳама нақши Кумитаи меъморӣ ва сохтмон кам нест. Ба муносибати Рӯзи кормандони сохтмон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо раиси кумита Ҷамшед Аҳмадзода мусоҳибае орост, ки пешкаши хонандагон месозем.

-Дар ибтидо шумо, ҳайати кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми сохтмончиёни кишварро ба муносибати Иди касбиашон табрик менамоем.

-Ташаккур ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки дар ин рӯз моро фаромӯш накард. Ҳар сол сохтмончиёни ҷумҳурӣ фарорасии ин идро бо дастовардҳои тоза ба тоза истиқбол мегиранд. Аз фурсат истифода бурда, ман ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории Тоҷикистонро табрик намуда, ба хонадони ҳар кадомашон ободиву осоиш ва саодату пирўзӣ орзу менамоям. Имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ бунёди иншоотҳои замонавӣ бомаром идома доранд. Ташаббускори азнавсозиҳо, илҳомбахши сохтмони иншоотҳои азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд. Ҳамчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумон сохтмонро яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум ном бурданд. Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.

-Баргардем ба фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон. Имрӯз ин ниҳод чӣ рисолат дорад?

-Фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хеле назаррас аст. Дар ин давра корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи кумита асосан ба таҳияи асноди лоиҳавию харҷномавии иншоотҳо, нақшаҳои генералӣ ва наќшањои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо, аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани онҳо машғул шуданд.

ке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ мебошад. Ҳоло чанд шаҳру ноҳияҳоро бо нақшаи генаралӣ таъмин намудед?

-Дуруст аст. Айни замоназ 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расид. Онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Лоиҳаи нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.

Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 50 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази 3 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расидааст. Лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 9 шаҳру ноҳияҳо  тасҳеҳ шуда истодаанд.

Услуби якҷояи Аврупо ва Шарқ, ки дар сохтмони иншоот истифода мешавад,шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал гардонид.

Бинои меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқот дастур дода буданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати бунёди биноҳои истиқоматӣ чораҳо андешида шаванд. Ин чӣ чораҳост ва  кумита то кадом андоза онро ҳал намуд?

-Бале, дуруст гуфтед. Кумита дар ин самт лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии аз 5 то 12  ошёнаро омода ва пешниҳод намуд. Лоиҳаҳои  мазкур барои корбарӣ дар сомонаи кумита ҷой дода шуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд баъд аз интихоби лоиҳаи ангоравӣ ба ташкилоти лоиҳакашӣ барои ҳамкорӣ ва дастрас намудани лоиҳаи корӣ муроҷиат намоянд.

Бо мақсади таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ, бо назардошти рушди минбаъдаи онҳо, ки бо мавҷудияташон дар маҳал татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №335 «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита алоқаманд аст, муайян карда шуд, ки айни замон, танњо дар 34 шаҳру маркази ноњияҳо канализатсияи марказонидашуда бо иншооти тозакунӣ пурра ва ё қисман мавҷуд буда, дар маркази 32 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ пойгоҳҳои партовобтозакунӣ  умуман вуҷуд надоранд.

-Дар сохтори кумитаи шумо корхонаи махсус, яъне ҶСК “Корезлоиҳа” фаъолият дорад, ки ин муамморо бояд ҳал кунад. Фаъолияти ин корхона дар кадом поя қарор дорад?

— ҶСК “Корезлоиҳа” дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшудаи марказҳои шаҳру ноҳияҳо дар соли 2019 асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи канализатсия барои 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расонид ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои дарёфти сармоя пешниҳод карда шуд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бошад, асосноккунии техникию иқтисодии азнавсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои корезии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳия карда шуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон пешниҳод гашт. Ҳоло асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шабакаҳои корезии шаҳри Душанбе идома дорад. Таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шаҳру ноҳияҳои дигар низ мавриди коркард қарор доранд.

-Имрӯзҳо бархе сокинон аз сифати биноҳои истиқоматӣ шиква мекунанд. Зеро ҳангоми сохтани биноҳо меъморон талаботи истиқоматкунандагонро дуруст ба инобат намегиранд. Чаро?

-Воқеан,  ин гуна норасоиҳо ҷой доранд. Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шудааст. Барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсия медиҳад.  Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 21 ҷаласаи комиссия баргузор гардидааст. Дар маҷмӯъ, 194 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз 194 лоиҳаи баррасигардида, 131 лоиҳа бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуд. Дар баробари ин, ба 63 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва роҳ надодан ба камбудиҳои ҷойдошта, чанде қабл дар кумита бо иштироки роҳбарон, сармеъморон, сармуҳандисони лоиҳаҳо ва меъморони ташкилотҳои лоиҳакашӣ семинар гузаронида шуд. Ба роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва мутахассисон барои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи технологияи инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории аврупоӣ ва муосир, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён гардид.
-Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бояд то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беморхонаҳои сироятӣ бунёд карда шаванд. Ин ҷо саҳми Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар чист?

Бароибунёди беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои ангоравии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30, 50 ва 175 кат таҳия карда шудааст. Онҳо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа карда шуд ва дар сомонаи кумита ҷой дода шудааст.

Айни замон лоиҳаҳои кории намунавии зикршуда қисм ба қисм аз баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ гузаронида шуд ва пас аз ба расмият даровардани онҳо барои корбарӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда мешаванд.

-Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ чӣ мавқеъ дорад? Оё ҳамкории он бо мақомоти шаҳру ноҳияҳо дуруст ба роҳ монда шудааст?

-Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” ҷиҳати татбиқи принсипи “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар асоси таҳлилу арзёбиҳои пешакии маълумоти асосӣ оид ба арзёбии вазъи амалигардонии равзанаи ягона гузоришу ахборотҳои таҳлилӣ ҳам дар шакли ҷадвал ва ҳам дар шакли маълумоти электронӣ таҳия карда шуда, ба ҷонибҳои дахлдор манзур карда шуд.

Мутаассифона, ҳарчанд қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо оиди ба роҳ мондани фаъолияти утоқи кории «Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ» ба тасвиб расида бошад ҳам, механизми фаъолияти он то ба ҳол дар мақомотҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст.

 Ба ин нигоҳ накарда шумораи додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ 1398 ададро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7% зиёд мебошад. Шумораи иҷозатҳои додашуда барои оғози корҳои сохтмонӣ  низ 21% афзоиш ёфта, 4236 ададро ташкил додааст. Айни замон, муҳлати гирифтани супоришҳои меъморию банақшагирӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо, ки утоқҳои “Равзанаи ягона”-ро дар марҳилаи аввали татбиқи қарори зикргардида оғоз намудаанд, на зиёда аз 15-20 рӯзро ташкил медиҳад, ки ба меъёрҳои тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Ин омилҳо дар навбати худ, ба кам гардидани муҳлати баррасии аризаҳои пешниҳодгардида, гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва дар маҷмӯъ ба кам гардидани ҳаҷми маблағҳои сарфгардида барои амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ва пеш аз ҳама, гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ мусоидат намуданд. Инро метавон дар мисоли шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Данғара, Ховалинг, Истаравшан, Исфара мушоҳида кард.

-Сифати корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгард  ҳам марбут ба кумитаи шумост. Дар ин самт кадом корҳо ба иҷро расиданд? 

-Албатта, сифати иҷрои корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгард низ зери назорати доимӣ қарор дорад. Мутахассисон дар 5 иншооти азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешиданд. Сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” зери назорат қарор дошта, аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад.

Мусоҳиб Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *