Ҷанг ба кӣ лозим?
Тоҷикистон ва Қирғизистон қувваҳояшонро аз марз берун мекашанд
Дар ин бора пас аз гуфтушунид бо роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Ташиев ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
«Аз дирӯз мо бо роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар марз Саймумин Ятимов мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо анҷом додем. Музокироти дирӯза бенатиҷа буд, аз ин рӯ маҷбур шудем сокинони деҳаҳои худро кӯчонида бароем. Имрӯз музокирот идома ёфт ва соати 13:00 ба поён расид. Пас аз мулоқот, ман гуфта метавонам, ки он бомуваффақият ба анҷом расид. Мо ба мувофиқа расидем ва протоколи муштарак қабул кардем», — гуфтааст Тошиев.
Ба гуфтаи Тошиев, протокол аз 7-8 банд иборат буда, бар асоси он танҳо кормандони Хадамоти марзбонӣ дар сарҳад хоҳанд монд ва дигар нерӯҳои иловагӣ ба ҷойи муқаррарияшон бармегарданд.
Вай афзуд, ки ба зудӣ ба мақомоти давлатӣ амр хоҳад дод, то сокинони кӯчонидашудаи деҳоти минтақаи Чон-Олойро баргардонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ