“Ҷанг бо Худо”. Талаби ҳукми қатл ба зодаи Тоҷикистон дар Эрон
Дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс нахустин мурофиаи додгоҳии ҳамлаи дуюми террористӣ ба мазори барои шиъаҳо муқаддаси Шоҳи Чароғ оғоз ёфтааст. Бар асари ҳамлаи рӯзи 13-уми август дар ин мазор ду нафар ҷон бохта, 7 тани дигар захмӣ шуданд.
Хабаргузории эронии “Меҳр Нюс” хабар дод, ки ба додгоҳ се нафар эҳзор шуданд: айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи ахир шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов ва шарикони ӯ Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назарӣ.
Намояндаи қувваи қазоияи Шероз дар ҷаласаи аввал аз додгоҳ хост, то Раҳматулло Наврӯзовро бо иттиҳоми “ҷанг бо Худо” ва узвият дар созмони террористии ДОИШ ба даст доштан дар ҷинояти дараҷаи 1 гунаҳкор шинохта, ба ҷазои шадидтар маҳкум кунад. Ҷазои аз ҳама сангин барои чунин ҷиноятҳо дар қонунгузории Эрон ҳукми қатл аст.
Намояндаи қувваи қазоия ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назариро бо айни иттиҳоми ҷанг бо Худо ва узвият дар ДОИШ барои кумак дар содир кардани ҳамла ба мазори Шоҳи Чароғ дар ҷиноятҳои дараҷаи 2 ва 3 гунаҳкор бишиносад.
Дар рӯзи аввали мурофиа қозии парванда муттаҳами асосиро бозпурсӣ кард.
“Меҳр Нюс” менависад, ки Раҳматулло Наврӯзов дар баёноташ ба додгоҳ гуфт, ки ӯ тавассути мессенҷер ба ДОИШ пайваста, лақаби “Салмон Асламёр”-ро ба худ гирифт ва афроди ДОИШ дастураш доданд, ки ба Туркия ва аз онҷо тавассути Эрону Покистон ба Афғонистон биравад. Наврӯзов дар Афғонистон дар як урдугоҳи ДОИШ машқи низомӣ гирифта, баъди анҷоми тамринҳо ба Эрон фиристода шуд. Ин зодаи Тоҷикистон тақрибан як моҳ дар манзиле дар наздикии мазори Шоҳи Чароғ зиндагӣ карда, дар ин муддат дигарбора бо афроди ДОИШ робита барқарор кард ва онҳо роҳнамоияш карданд, ки силоҳи барояш омодашударо дар куҷо пинҳон кардаанд ва онро чӣ гуна бигирад.
Наврӯзов ҳамчунин баёнот дод, ки ба ӯ амр дода буданд, ки рӯзи ҳамла бо худ ду зарфи бензин бигирад, вале ӯ бо худ дар борхалтааш ҳамагӣ як зарфи якунимлитрии бензин дошт. Ба болои ин, ӯро ҳанӯз то замоне, ки қолинҳои мазори Шоҳи Чароғро бензин рехта, оташ бизанад, дастгир карданд.
Раҳматулло Наврӯзов бо худ ҳангоми ҳамла дар даст як автомат бо 8 магазини иборат аз 240 тир дошт, вале то лаҳзаи боздошташ тавонист, ки болои зоирон ҳамагӣ 11 тир холӣ бикунад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса рӯзи 13-уми август ба вуқуъ пайваст. Созмони террористии ДОИШ масъулияти ҳамлаи Шерозро ба дӯш гирифт ва онро интиқом барои иҷрои ҳукми қатли ду узви худ дар Эрон номид. Он ду нафар бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи 26-уми октябри соли 2022 ба ҳамин мазори Шоҳи Чароғ ба қатл маҳкум шуда, моҳи июл ҳукми ҳарду иҷро шуд. Дар ҳамлаи соли гузашта дар Шероз 13 нафар кушта, 27 тан захмӣ шуда буд. Мақомоти Эрон гунаҳгори ин ҳамларо низ зодаи Тоҷикистон Комрони Субҳон, мулаққаб ба “Абӯ Оиша”-и 23-сола аз шаҳри Ҳисори Тоҷикистон арзёбӣ карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ