Ҷанг дар Украина боз як генерал-лейтенантро ба миён овард

Раиси порлумони Чеченистон Магомед Даудов гуфт, ки раисиҷумҳури Русия ба Рамзан Қодиров рутбаи генерал-лейтенант дод.

«Кавказский узел» хабар додааст, ки 10 ноябри соли 2009 Дмитрий Медведев фармонеро дар бораи додани рутбаи генерал-майори пулис ба Рамазон Қодиров имзо карда, 22 июли соли 2020 Владимир Путин ба раиси Чеченистон рутбаи ҳарбии генерал- майор додааст.

Аз сидқи дил  Сарвари Ҷумҳурии Чеченистон, Қаҳрамони Русия Рамзан Аҳматович Қодировро ба муносибати бо фармони Президенти Русия, Фармондеҳи Олӣ Владимир Владимирович Путин мукофотонида шудани рутбаи низомии генерал-лейтенант табрик мегӯям», — омадааст дар хабар.

Даудов ҳамчунин навиштааст, ки бо ин роҳ президент «хизматҳои» Қодировро дар назди Ватан арзанда арзёбӣ кардааст. Ҳамин паёми ӯ дар шабакаи телеграми ЧГТРК-и Грозний низ нашр шудааст. Ёдовар мешавем, ки аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина раиси Чеченистон Қодиров пайваста дар бораи фиристодани отрядҳои ихтиёрӣ ба Украина гузориш медиҳад ва гузоришҳои видеоии фармондеҳони воҳидҳоро нашр мекунад.

Коршиносони ҳарбӣ рӯзи 10 март баъд аз гузориши дигар дар бораи ишғоли ин деҳа аз ҷониби Қодиров шарҳ доданд, ки воҳидҳои ҷангҷӯёни чечен дар Украина танҳо нақши пуштибонӣ, кофтукоб ва шона кардани минтақаро иҷро мекунанд ва вазифаи отрядҳои ҳамлагар ё полиси ҳарбиро иҷро намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *