Ҷанг дар Украина. Даҳҳо тоҷик фирориву куштаву маҷруҳ
Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, ки дар расонаҳои ғарбӣ ҳамлаи Русия ба Украина унвон мешавад, рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва то имрӯз башиддат идома дорад. Миллионҳо нафар аз Украина фирор карданд ва садҳо нафар кушта ё маҷруҳ гаштанд. Дар миёни фирориён ҳалокшудагон ва захмиён — шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, ки мо дар матлаби зер доир ба тақдири онҳо мегӯем.
Беш аз 4 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатар
Аз аввали авҷи танишҳо дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави ин кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабар дод, ки дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои дастрас, дар ҳудуди Украина беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки 101 нафари онҳо донишҷӯ мебошанд.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, ки инчунин намояндаи расмии кишвар дар Полша мебошад, шоми 10-уми март ба расонаҳо гуфт, ки мусофирони тоҷик ройгон бо як ҳавопаймои ширкати Полша ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар фурудгоҳи Фредерик Шопени Варшава, пойтахти Полша, ки кишвари калидии аврупоӣ барои қабули паноҳҷӯён аз Украина шудааст, гуруҳи ризокорони тоҷик ҳам ба садҳо ҳамватанони худ кумак мекунанд. Аз ҷумла, бо ғизои гарму васоили ниёзи аввалия таъмин мекунанд.
Дар ин баробар, бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон кӯч бастаанд.
Чун зиёда аз 1,5 ҳазор шаҳрванди мо ба Лаҳистон паноҳ бурданд, мақомоти кишвар то 26-уми март дар се парвози чартерӣ ҳудуди 413 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан интиқол дод. Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Украина ба Аврупо паноҳ бурданд, идома хоҳад кард.
Аввал ба Аврупо, баъд ба Ватан
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло дар паноҳгоҳҳо дар Лаҳистон ва Олмон нигаҳдорӣ мешаванд. Бархе гуфтанд, ки барояшон аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳоди кор шудааст ва барои бархеи дигар муҳлат додаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
Мавлон, як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 16-уми март Киев, пойтахти Украинаро тарк кард ва аз тариқи Молдоваю Руминия ба Лаҳистон расидааст. Ӯ то замони ҷанг дар Киев дар як корхонаи коркарди меваи хушк кор мекард. Ба гуфтаи Мавлон, то рӯзи 16-уми март сабр карданд ва фикр доштанд, ки ҷанг хатм мешавад, вале вазъ баръакс бадтар шуд. “Мо дар як хонаи иҷора будем. Даҳ рӯз пинҳон шудем ва гуфтем, ки тинҷӣ мешавад, лекин садои тирпарронӣ бештар шуд. Дигар бекор монда будем ва нахостем истем”,- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ин ҷавони тоҷик ва панҷ ҳамроҳаш мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд, чун бо худ ҳуҷҷати муваққатии кор дар Украинаро доранд, ки бар асоси он ҳақи мондан дар Аврупо дода намешавад.
Ҷумъахон, муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар тарабхонае дар Киев ошпаз кор мекард, рӯзи 15-уми март ин кишварро тарк кардааст. Ба ӯ низ муҳлат додаанд, то ба Тоҷикистон баргардад.
Саидҷон Раҳимов, донишҷӯи тоҷик, ки аввали моҳи март аз Днепр берун шуд, мегӯяд, ки эҳтимол таҳсилашро дар Олмон идома диҳад. Ӯ ҳоло дар паноҳгоҳе дар Олмон қарор дорад ва мақомот гуфтаанд, ӯ имкони кору зиндагӣ дар ин кишвари аврупоиро дорад.
Ҳабиб Давлатов, варзишгари тоҷик, ки баъди ду ҳафтаи ҳамлаи Русия ба Украина аз шаҳри Харков фирор кард, се соли ахир дар Харков мезист. Ҳабиб аз паноҳ бурданаш ба Олмон чунин нақл мекунад: “Баъди гузаштан аз марзи Лаҳистон дидам, ки лагерҳо ташкил кардаанд ва ба гурезагон аз Украина хӯрок ва либоси ройгон медиҳанд. Автобусҳои ройгон буданд, ки то Варшава мебаранд. Маро то истигоҳи роҳи оҳани Варшава бурданд, онҷо ҳам гурезагон аз Украинаро хуб нигоҳубин мекунанд. Аз Варшава бо қатораи ройгон ба Олмон омадем. Дар шаҳри Франкфурти Олмон қатораро манъ карда, кормандони пулис ҳар нафареро, ки шиносномаи Украина надошт, бароварданд. Пурсидам, чӣ кор мекунед, гуфтанд, ки сабт карда, шуморо ҷавоб медиҳем. Пулиси Олмон ба мо гуфт, ки агар касе аз шумо инҷо шинос дорад, ҷавоб медиҳем, худаш равад, ҳар касе, ки ҷой надорад, ба лагери гурезагон мефиристем. Бародарони ман дар Ҳамбург буданд, бо онҳо тамос гирифтам ва ба наздашон омадам”.
Иқдоми Вазорати маориф
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни тоҷикро, ки дар Украина таҳсил мекарданд, ба донишгоҳҳои Тоҷикистон итиқол диҳад.
Дар эълони Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”- и Вазорати маориф ва илм омадааст, ки донишҷӯёни тоҷике, ки дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва ё аспирантура дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд ва вобаста ба вазъияти баамаломада ба Тоҷикистон баргаштанд, метавонанд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол бигиранд.
Қурбониёни ҷанг
Дар ҷанги Русияву Украина зодагони Тоҷикистон захмиву кушта низ шуданд. Теъдоди дақиқи фавтидагони тоҷикро мақомот эълон намекунанд.
То имрӯз, тибқи хабарҳои расида, ду зодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Ҷамшед Худоиев (Холов) ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Русия буданд ва бо шартнома дар артиши он кишвар хидмат мекарданд. Ҷониби Русия дар ин бора расман чизе нагуфтааст.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи кушта шудани ду зодаи ноҳия дар ҷангҳои Украина хабардор шуда, ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён кардаанд. Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, Ҷамшед Худоиев ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Тоҷикистон набуданд.
Дар бораи кай ва дар чӣ шароит кушта шудани ду зодаи ноҳияи Дарвоз маълумоти мушаххас дар даст нест.
Дар идома рӯзи 11-уми март Сафорати Тоҷикистон дар Украина аз захмӣ шудани як шаҳрванди кишвар дар Киев хабар дод.
Таҳияи Ҳ. ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ