Ҷанг идома дорад…

Дар Ҷумҳурии Халқии Донетск дар тамоми хати тамос ҷанг идома дорад,- гуфт намояндаи расмии милитсияи халқӣ Эдуард Басурин.

Ӯ аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд. Ҳафтаҳои ахир вазъ дар Донбасс тезутунд шудааст: Киев қисми зиёди артишро дар хати тамос мутамарказ кардааст ва пайваста бо истифода аз таҷҳизоти мамнуъ ба сӯи милисаҳо тир холӣ мекунад. Ба далели таҳдиди таҷовуз ба Украина, КХДР ва ЛХР ба эвакуатсияи занону кӯдакон ва пиронсолон ба минтақаҳои Русия шуруъ кардаанд.

Сафарбаркунии умумй эълон карда шудааст. Дар ин вазъ 19-уми феврали соли равон раҳбарони ҷумҳуриҳои худхонда бо дархости эътирофи истиқлолияти худ ба Русия муроҷиат карданд.

Рӯзи 21-уми феврал президент Владимир Путин дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки ӯ зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ЛХР ва ДХР фавран эътироф карда шавад ва фармонҳои дахлдорро имзо кард.

Сарвари давлат супориш дод, ки дар ҷумҳуриятҳо пойдории сулҳу осоиш таъмин карда шавад. Тавре раисиҷумҳур шарҳ дод, ӯ чунин тасмим гирифтааст, зеро онҳое, ки ба роҳи хунрезӣ, хушунат ва қонуншиканӣ рафтаанд, ба ҷуз аз роҳи низомӣ роҳи дигари ҳалли низоъ дар Донбассро эътироф намекунанд. Шаби панҷшанбе мақомоти КХДР ва ЛХР ба хотири ҳифзи худ аз таҷовузи Украина ба Русия барои кумаки низомӣ муроҷиат карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *