Ҷангалбони Суғдро нав карданд

Бо фармони Исматзода Азизулло Убайдулло, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоҷизода Насимҷон Шарифӣ директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Суғд таъйин шудааст.
.
Хоҷизода Насимҷон Шарифӣ 13 июли соли 1983 дар деҳаи Рӯмони ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ соли 2006, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2007 дар мақомоти прокуратура шуруъ намудааст.
То соли 2013 дар вазифаҳои мухталифи мақомоти прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият намудааст.
То соли 2015, ҳудуди ду сол сардори шуъбаи назоратӣ оиди қонунӣ будани санадҳои судӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар прокуратураи вилояти Суғд кор кардааст.
Аз моҳи августи соли 2015 то феврали соли 2018 муовини ширкати “Фараҳ” буд.
Аз моҳи январи соли 2019 то ин ҷониб муовини якуми директори Корхона давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекард.
Марти соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Баҳористон № 15 и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҲХДТ вакили ноҳиявӣ интихоб шудааст.
Санаи 9 декабри соли ҷорӣ бо фармони Исматзода Азизулло, Ҳоҷизода Насимҷон Шарифӣ директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд таъйин гардид.
Дар ин мақоми вазифавӣ Хоҷизода ҷойи Олимбек Юлдошзодаро иваз намуд, ки ахирӣ чанде пеш сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *