Ҷанги иттилоотие, ки мо бохтем!
Саидмурод Фаттоҳзода, вакили парлумон ва сиёсатмадори тоҷик 5 май, зимни нишасте бахшида ба озодии матбуот эътироф кард, ки дар ҳодисаҳои ахир дар марзи Исфара-Бодканд кишвари мо дар фазои иттилоотӣ ба таври бояду шояд фаъол набуд.
Ин эътироф, ки нӯшдоруи пас аз марг аст, эътирофи шикасти Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ мебошад.
Дар мавриди инъикоси воқеаҳои марзӣ ду омиле буд, ки ба чунин шикаст оварда расонд:
1. Хомӯшии расонаҳои давлатӣ. Расонаҳои давлатии мо, ки аз ҳисоби маблағи буҷети Тоҷикистон фаъолият доранд ва мардуми мо наволаи нонро аз даҳони фарзандаш гирифта, ба онҳо обуна мешаванд, воқеаҳои марзро инъикос накарданд. Ҳол он ки ВАО-и давлатӣ артиши бузургеро мемонад, ки имкони васеъ доранд. Аз лиҳози иқтисодӣ ва техникӣ таъмин мебошанд. Барои мисол, АМИТ “Ховар” ё “Телевизиони Ҷаҳоннамо” имкон доштанд, ки бо чанд забон гузориш пахш карда, манофеи миллии моро ҳимоя кунанд ва воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд. Афсӯс, ки маблағҳои калоне, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ВАО-и давлатӣ ҷудо мекунад, ғайримақсаднок, барои истироҳат ва рифоҳи чанд нафар равона мешаваду халос. Пӯшида нест, ки дар аксари масоили доғ расонаҳои давлатии мо ақибнишинӣ мекунанд ва баргузории конфронсеро дар донишгоҳе ё сюжете, гулзори боғеро аз манфиати миллӣ боло мегузоранд.
2. Душвории дастрасӣ ба иттилоот. Бо вуҷуди душвориҳо, расонаҳои мустақил ва байналмиллалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кӯшиши инъикоси масоили марзро карданд ва хабарнигоронашонро ба марз фиристоданд. Вале, ман худ шоҳид будам, ки барои дарёфти иттилоъ душвории зиёде пеш меомад. Мақомдорони маҳаллӣ ҳозир намешуданд, ки ба оддитарин саволҳо посух гӯянд ва аз ҳамкорӣ сарпечӣ мекарданд.
Ҳатто, вақте ки мо гуруҳи хабарнигорон ба вохӯрии раиси КДАМ Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо аҳолии Ворух рафтем, чанд нафар нагузоштанд, ки вориди толор шавем, онҳо фикр мекарданд, ки ин мақомдорон бо журналистон ҳамкорӣ нахоҳанд кард. Ҳол он ки генерал-полковник Саймумин Ятимов баробари аз толор баромадан, бо мо – хабарнигорон хеле самимӣ суҳбат кард ва маҳз пас аз ин вохӯрӣ муносибати мақомдорони маҳаллӣ ва низомиён бо мо тағйир ёфт.
Қирғизистон чӣ кор кард?
Коре ки ҷониби Қирғизистон дар ин миён кард, “дуздиву пешхезӣ”-ро мемонад. Онҳо дар баробари он ки ҷангро оғоз карданд, дар ВАО воқеоти марзро чунон инъикос намуданд, ки гӯё Тоҷикистон омили ин ҷанг бошад ва тоҷиконро чун вайронгару фитнаандоз ба намоиш гузоштанд, зеро низомиёни қирғиз бо ВАО ҳамкории хуб ба роҳ монданд. Онҳо аз оғози низоъ штаб ташкил карда, ҳама маълумотро бо забонҳои қирғизӣ, русӣ ва англисӣ ба журналистон мефиристоданд. Хабарнигоронашон онро дар расонаҳои ҷаҳонӣ пахш мекарданд.
Пас аз анҷоми даргириҳо, ҷониби Қирғизистон барои рӯзноманигорони расонаҳои байналхалқӣ ба вилояти Бодканди он кишвар сафари корӣ ё пресс-тур ташкил кард. Рӯзноманигорон аз мавзеъҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан карданд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён диданд. Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон иттилоъ дод, ки 26 рӯзноманигор аз 20 расона, ки 10 расонаи он байналхалқӣ аст, барои рафтан ба Бодканд сабти ном шудаанд.
Хулоса
Вақти ҷанг- ҷанг асту вақти нанг- нанг мегӯянд. Вақте масъалаи миллат дар миён аст, бояд ҳама фишангҳо истифода шаванд, махсусан ВАО. Вақти он аст, ки дар масъалаҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ патенсиали расонаҳои давлатӣ, ки солҳои дароз маблағи давлатро мехӯранд, истифода шавад. Ҳамчунин, ба расонаҳои мустақил имкон фароҳам оварда шавад, ки ба иттилои саҳеҳу сареҳ дастрасӣ пайдо кунанд. Беҳтар аст, ки фаҳмиши ВАО-и давлативу хусусӣ аз байн равад ва мансабдорони мо бо як чашм ба журналистон нигоҳ кунанд.
Албатта, ин навбат дер кардем, вале дар оянда бояд ҳушёр буд. Тавре Президенти кишвар таъкид мекунад: Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!
ОДИЛ НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ