Ҷанги толибон ҷиҳод аст? «Қуръон» дар мавриди қатли бегуноҳон

Бӯзинаеро бо бачааш вориди ҳаммоми гарм карда, дарро бастанд. Чун фарши сангини ҳаммом гарм буд, бачааш бетоқатона пойҳояшро бардошта, чиррос мезад. 

Бӯзина  бачаашро бардошт ва дар бағал кашид. Ҳаммом ҳамоно метасфид, бахусус сақфи он. Муддати мадиде нагузашта, пойҳои бӯзина аз гармии тоқатнофарсо ба сӯзиш омаданд, ки зуд-зуд онҳоро мебардошт, ба ҳар тараф медавид ва бонг мезад. Дар ҳамоно баста буд ва чораи дигаре наёфт, ба ҷуз он ки бачаашро ба фарши тасфон партофту ба ғиреву нолааш нигоҳ накарда, ба болояш баромад.

Имрӯз Амрико  баъди бист сол “бачаҳои нозпарвард” – аш “толибон”-у ҳукумати таъсисдодааш дар Афғонистон бо роҳбарии Ашраф Ғаниро ба ҳоли худ гузошт,  ки дуввумӣ бо 169 миллион доллар ва ба таъбири худаш “бо як пираҳан” фирор кард.  Оре, хиёнат ба Ватан гуноҳест,  нобахшиданӣ.

Тафриқа андозу ҳукмронӣ кун

Ҳанӯз соли 1983 ҳини дар Либиё ба  ҳайси тарҷумони ҳарбӣ кор карданам, яке аз афсарон, ки Аҳмад ном дошт, зимни суҳбат иброз дошт, ки ин ҷаҳон ба тахтаи шоҳмот шабоҳат дорад, ки аз як тараф Амрико бозӣ мекунад ва аз тарафи дигар Шӯравӣ. Ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки Амрико бо шиори “тафриқа андозу ҳукмронӣ кун” амал мекунад.

Дар байни сарварони кишварҳои араб Саддом Ҳусайн дар Ироқ ва Муаммар Қаддофӣ дар Либиё  алайҳи таҷовузи Исроил ва пуштибонаш Амрико ба Фаластин, бахусус, забти Байтулмуқаддас интиқод мекарданд. Натиҷааш ба он анҷомид, ки Амрико ва иттифоқчиёнаш ин ду кишвари шукуфо ва мутақаддамро  тороҷ ва роҳбаронашонро эъдом карданд.

Дар замини Шому Ироқ ба таъсиси “Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) идомаи ҳамин сиёсатҳост.

Чаро Толибон ба осонӣ Афѓонистонро гирифтанд?

Агар Амрико мехост, дар муддати 20 сол Толибонро нест мекард, баръакс онҳоро дастгирӣ кард. Дар Қатар ба онҳо пойгоҳ дод ва барои нигоҳ доштани он ҳар сол ба маблағи 700 миллион доллар кумаки молӣ мерасонад. Ҳамчунин, зиндониҳои Толибонро дар Афғонистон озод кард. 

Бояд тазаккур дод,ки агар Шӯравӣ аз соли 1979 то соли 1989 дар ҷанги Афғонистон 60 млрд доллар сарф карда бошад, Амрико дар тӯли 20 сол беш аз 1триллион сарф кардааст. Агар Амрико воқеан ба мардуми Афғонистон дилсӯз мебуд, бо харҷи 5-6 миллиард доллар НБО- и «Даштиҷум»-ро месохт, ки он метавонист пуриқтидортарин неругоҳ бошад ва беш аз як миллион га заминҳои ташналаби Афғонистонро шодоб гардонад.

Чуноне ки сарчашмаҳо таъйид месозанд, ҳанӯз дар замони ҳукмронии Трамп ҷониби Амрико боТолибон дар Давҳа Тавофуқнома ба имзо расонданд, ки мувофиқи он Амрико нируҳояшро аз хоки Афғонистон хориҷ мекунад.

Чуноне ки ТААС аз 16 август хабар дод, Толибон аз аввали соли 2020 бо неруҳои амнияти Афғонистон ба таври махфӣ гуфтушунид карданд, ки онҳо силоҳҳои мавҷударо ба ивази пардохт супоранд. Мувофиқи нақшаи матраҳшудаи Амрико бо Толибону ҳукумати Ашраф Ғанӣ Толибон дар як муддати кӯтоҳ Афғонистонро гирифтанд. Онҳо дар давоми ду ҳафта аз неруҳои давлатӣ беш аз 1200 танкро гирифтанд. Ақибнишинии нируҳои амниятӣ ва ҷанг накарданашон низ ба муқобили Толибон нақшаи Амрико буд, ки бо маблағи ҳангуфт ҳукумати зочамонанди Ашраф Ғанӣ ба Афғонистон ва сокинонаш хиёнат кард.

Бузургтарин гуноҳ дар Ислом — қатли бегуноҳон

Толибон ҳанӯз аз соли таъсисёбиашон-1994 ҳамчун ҳаракати исломӣ ба қатлу ғорати сокинони кишвар, инфиҷори муассисаҳои давлатӣ, табъизи занону духтарон ва амалҳои террористӣ машғуланд. Аз ин ҷост, ки Шӯрои амнияти СММ  ва Суди Олии Русия  соли 2003 Толибонро ҳамчун ташкилоти террористӣ зътироф карданд. Вале имрӯз ВКХ Русия мегӯяд, ки «Сари қудрат омадани толибон дар Кобул воқеиятест, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳатман ҳангоми барқарор кардани муносибатҳои минбаъда бо Афғонистон ба назар гирад».

Магар аз ёди ҷомеаи ҷаҳонӣ рафтааст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ба дасти ин “гургон дар ҷомаи меш” ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, хусусан, занону кӯдакон ваҳшиёна кушта шуданд.

Бузургтарин гуноҳ дар ислом қатли бегуноҳон аст. Чунончи дар ояти 32 сураи Моида омадааст: “Ҳар кӣ нафсеро бидуни ҳаққи қасос ва ё бе он ки фасод ва фитнае дар рўи замин кунад, ба қатл расонад, мисли он бошад, ки ҳамаи мардумро кушта ва ҳар кӣ нафсеро ҳаёт бахшад (аз марг наҷот диҳад), мисли он аст, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида( ки як тан маншаи ҳаёти халқе тавонад шуд)“.

Яъне, қатли ноҳаққи шахсе новобаста аз дин, мазҳаб, нажод, чун қатли тамоми мардумон ва халос кардани шахсе аз ҳалокат ба мисли наҷот додан аз сўхтан, ѓарқ шудан, гуруснагӣ ва беморӣ, чун зинда кардани тамоми башар маҳсуб меёбад. Дар қисмати дуввуми ояти мазкур тамоми амалҳои башардўстона ва хайрхоҳона таҷассум ёфтааст. Хусусан, онҳое, ки табобати мардумро пеша кардаанд, бояд бо тамоми масъулият ва ҷидду ҷаҳд омўзанд, донанд, то нафареро аз марг наҷот диҳанд. Бубинед, чӣ масъулияти азиме ба дўши табибон аст.

Дини муқаддаси  Ислом тазаккур медиҳад, ки бузургтарин гуноҳ қатли ноҳақ буда, фоил, яъне қотил рўзи қиёмат ба азоби абадӣ гирифтор мегардад. Ҳамчунон ки дар ояти 68, сураи Фурқон ифода ёфтааст: “Ва нафси муҳтарамеро,  ки Худо ҳаром карда, ба қатл намерасонанд ба гирди амали зино намегарданд, ки ҳар кӣ амал кунад, кайфари гуноҳашро хоҳад ёфт. Ва азобаш дар қиёмат музоиф шавад ва бо зиллату хорӣ ба дўзах мухаллад гардад”.

Қотили муъмин  дар рўзи қиёмат ба шадидтарин уқубат гирифтор мешавад. Худованди мутаъол дар ояти 93 сураи Нисо мефармояд: “Ҳар кас мўъминеро ба амд( қасдона) бикушад, муҷозоташ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муаззаб хоҳад буд. Худо ба ў хашму лаън кунад ва азоби бисёр шадид муҳайё созад”. Ин умур чортост, ки Аллоҳ ба қотили муъмин ваъда додааст: ҷаҳаннами абадӣ, азоби Худо, лаънат ва азоби азими бешумор.

Паёмбар(с) оқибати бади разми ду мусалмонро, ки ба марги яке анҷом мепазирад, чунин баён медорад.”Агар ду мусалмон бо шамшер бо ҳам ҷангида яке дигареро ба қатл расонад, ҳам қотил ва ҳам мақтул дузахиянд. Гуфтанд: Эй Расули Худо, қотил маълум, вале мақтул (кушташуда) чи гуноҳ дорад? Гуфт:” Ў ҳам ба куштаи қотилаш ҳарис буд”.

Магар Толибон аз ин оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) бехабаранд!? Чаро аз чунин гуноҳҳои кабира, ки фоили онро мухаллади ҷаҳаннам мегардонад ҳарф намезананду тарошидани риш ва ё мусиқӣ гӯш карданро гуноҳ ҳисобида мардумро ҷазо медиҳанд? Ҳанӯз Шайх Саъдӣ аъмоли чунин мусулмонҳоро дар замонаш дида гуфт:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ пиндору гуфтор ва рафтори чунин мусулмонҳоро, ки ба дини мубини ислом иснод меоранд, дида, ба ғазаб омаду гуфт:

Мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст,

Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.

Биё тарҳи нави миллат бирезем,

Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст.

Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *