Ҷанги Украина ва қаҳтӣ дар ҷаҳон. Нигаронии Амина Муҳаммад дар Душанбе
Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҷанги Украина масъалаи таъмини ғизоро дар ҷаҳон ба мушкил дучор кардааст. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 7-уми июн ҳангоми нишасти бахшида ба масъалаи об дар Душанбе баён дошт.
Украина яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи гандум дар ҷаҳон аст. Аммо пас аз амалиёти низомии Русия имсол содироти гандум аз Украина ба мушкил дучор шудааст.
Хонум Амина Муҳаммад дар Душанбе ҳамчунин дар бораи мушкили таъмини об дар ҷаҳон суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки «маҳдудияти дастрасӣ ба об нигаронии амиқро ба миён овардааст».
Муовини дабири кулли СММ ба ҳифзи оқилонаи захираҳои табиӣ дар ҷаҳон даъват кард. Ӯ афзуд, ки соли оянда дар шаҳри Ню-Йорк як нишасти калон бахшида ба масъалаи об зери роҳбарии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад. Ин нишаст, ба гуфтаи Амина Муҳаммад, баъди 50 сол дубора баргузор хоҳад шуд.
Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” субҳи 7-уми июн дар бинои «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишаст гуфт, ки пеш омадани пандемияи COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро водор кард, то ҳама имконотро барои раҳоӣ аз ин буҳрон сарф кунанд. Ҳол он ки, ба гуфтаи Сарвари давлат, таъминот ба об ба хотири аҳамияти ҳаётӣ доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок бошад.
Сарвари Тоҷикистон аз қавли коршиносон гуфт, ки то соли 2050 аҳолии замин ба 9 миллиард мерасад ва ин талабот ба обро зиёд мекунад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши камбуди об самараи дилхоҳ надоданд ва миллионҳо нафар ба оби тоза дастрасии комил надоранд.
Ба бовари ӯ, бидуни ёрии кишварҳои пешрафта ва созмонҳои молии ҷаҳонӣ давлатҳои рӯ ба рушд дар ҳалли масъалаи оби ошомиданӣ ба мушкил дучор мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикиаш танҳо 6-7 дарсадашро истифода мекунад. Ӯ аз бунёд нерӯгоҳи «Роғун» бо иқтидори 17 миллиард киловат/соат тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ, дар баробари тавлиди барқ, боиси пешгирӣ аз селу обхезӣ ва хушксолӣ мешавад.
Мавзӯи дигари суханронии президент обшавии пиряхҳо буд. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пурра обшавии ҳазор пиряхи Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, даъват кард, ки соли 2025 соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ