Ҷангро қирғизҳо оғоз карданд (гузориш аз марз бо видео+аксҳо)

Низоъҳои хурди марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки солҳост идома дорад, билохира ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт ва боиси марги даҳҳо нафар шудаву хисороти зиёд ба ҷой гузошт. Банда пас аз як рӯзи оғози ин танишҳо ба марз рафтам ва он чӣ шунидаму дидам, ба шумо нақл мекунам.

Чӣ тавр сангандозӣ ба тирандозӣ табдил ёфт?

Маркази обтақсимкунии «Головной», ки дар марзи Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Кок-Тоши Қирғизистон воқеъ аст, макони алангаи оташ мебошад. Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ ин мавзеъ шоҳиди даҳҳо низоъу даргириҳост. 

Бо мақсади пешгирии муноқишаи сокинон ва тақсими одилонаи об,  рӯзи 28-уми апрел ҷониби Тоҷикистон бо теъдоди ками шаҳрвандон ба дарғот рафта мехостанд дастгоҳҳои наворбардориро насб кунанд. Ҷониби Қирғизистон қаблан дар марказ камера дошт. 

Шаҳрвандони Қирғизистон ба ин кор мухолифат нишон медиҳанд ва баҳсу мунозираашон ба сангандозии миёни сокинон табдил меёбад.

Дар миёни ин сангандозиҳо қирғизҳо ҷониби шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон оташ мекушоянд.

Боҳир Назаров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯяд, ки қирғизҳо барои ин ҷанг омодагӣ гирифта буданд:

“Қирғизҳо се-чор рӯз қабл аз ин муноқиша пирон, занону кӯдакон, гову мол ва ҳатто сагу гурбаашонро бо худ бурданд. Вақте мо ба дарғот рафтем, аввал сангпартоӣ шуд. Баъдан онҳо оташ кушоданд. Чанд нафар захмӣ шудаву тир ҳам хӯрд. Онҳое, ки оташ кушоданд сокинони мулкӣ набуданд, балки низомиёне буданд, ки либоси мулкӣ ба бар доштанд. Яъне қирғизҳо барои муноқиша бо Тоҷикистон аз пеш омодагӣ дида будаанд.”

Бо вуҷуди ҳамаи ин, имрӯз Қирғизистон даъво пеш меорад, ки омили асосӣ ва ангезандаи ҷанг ҷониби Тоҷикистон аст, ҳол он ки тайи як моҳи охир Қирғизистон фазои ҷангиро ба вуҷуд овард. 

Омодагии қирғизҳо барои даргирии мусаллаҳона бо Тоҷикистон далелҳои дигар ҳам дорад. Барои мисол чандест, ки дар ноҳияи ҳаммарзи Бодканди ин кишвар машқҳои низомӣ мегузаранд.

Қабл аз ин: Дар Хоҷаи Ғорбобо  чӣ гузашт? 

Пеш аз ин муноқишаҳо,  санаи 25-уми апрел марзбонони Қирғизистон ду навраси тоҷикро боздошт ва мавриди озори равонӣ қарор доданд.

Бадриддин Шарифов, бобои яке аз ин наврасон мегӯяд:

“Чор  хонандаи мактаби рақами 23-и ҷамоати Ворух барои чаронидани чорво ба мавзеи Хоҷаи Ғорбобо рафтанд. Сарҳадбонҳои Қирғизистон талош кардаанд, ки онҳоро ба ҷониби деҳаи Оқсойи ин кишвар баранд. Дар ниҳоят, ду наврас фирор карда, дуи дигар аз тарафи марзбонони Қирғизистон дастгир карда шудаанд. Ин наврасон Осим ва Исфандиёр ном доранд. Ҳамон рӯз набераам ба ман телефонӣ хабар дод. Ман зуд ба маҳаллаи Ғорбобо рафтам. Аллакай онҳоро бурда буданд. Ба раиси ҷамоат занг задам, телефонро набардошт. Ба фармондеҳи қисми сарҳадбонӣ дар Ворух занг задам. Гӯширо бардошту зуд бо мошин омад. Ба самте, ки бачаҳоро бурданд, давидем. Ӯ бо марзбонони қирғиз гуфтугӯ карда, ҳардуро гирифта овард. Онҳо сахт тарсида буданд…»  

Қабл аз ин: Ташиев Ворухро анклав эълон кард!

Қабл аз ин, санаи 26 март Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев Ворухро беасос анклав эълон карда, ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки онро бо заминҳои ноҳияи Бодканд иваз кунад. Ин даъвои Ташиев боиси сар задани сарусадои зиёд ва норозигии тоҷикистониён шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дарҳол ба Ворух сафар карда, сокинонро дилпур гардонд, ки ҳеҷ гоҳ як ваҷаб хоки ин мантақаро ба Қирғизистон намедиҳад, зеро ба гуфти Сарвари давлат дар 19 соли гуфтушунид анклав будани Ворух  ҳеҷ гоҳ дар миён набуд.

Табиист, ки анклав кардани Ворух бофтаи хаёлоти Қамчибек Ташиеви дар сиёсат ва дипломатия камтаҷриба аст, ки баъди зуҳури ӯ дар сиёсати Қирғизистон муносибатҳои ин кишвар бо Тоҷикистон сард шуда, ҳолати ҷангӣ ба вуҷуд омад.

Ин ва дигар воқеаҳои охир фазои марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки солҳои тӯлонӣ сард буд, пурғубор кард ва боиси даргирии низоъи мусаллаҳ шуд.

Раиси Исфара: Аввал Қирғизҳо     тир кушоданд!

Шаби 28 ба 29-уми апрел, баъд аз он ки аз ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳамлаву тирпарронӣ оғоз шуд, нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати Исфара маҷбур шуданд, ки сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара ва Овчиқалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ҷойҳои амн кӯчонанд.

Субҳи рӯзи 29-ум раиси шаҳри Исфара бо як ҳайат ба дарғоти ҷангҷолӣ меравад. Ӯ мехост, ки мардуми ду тарафро ба оромӣ даъват кунад, вале ҷониби Қирғизистон оташ кушоданд ва ин мақомдори тоҷик захм бардошт.

Баҳодурзодаро таъҷилан ба бемористони Хуҷанд интиқол доданд ва табибон тирро аз бадани ӯ бароварданд.

Дар нахустин мусоҳибааш пас аз маҷрӯҳ шудан Баҳодурзода гуфт: “Ҷангро ҷониби Қирғизиситон оғоз кард”.

Хуршед Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои махсус (Дастаи милитсияи таъиноти махсус (ОМОН), Дастаи махсуси зудамал (СОБР) ва Таъиноти махсус (Спецназ)-и ВКД мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷанг мавқеи ҳамлакунанда надошт, балки дар ҳимоя буд.

“Агар мо ҳамла мекардем, талафот дар мо бисёртар мешуд. Мо на дар ҳуҷум, балки дар мудофиа будем. Барои ҳамин талафот дар мо камтар аст” – гуфт номбурда.

Хуршед Муҳаммадзода дар ин маврид мегӯяд, ки барои муқовимат бо неруҳои Қирғизистон аз Душанбе неру ҷалб нашуда, ҳамаи неруҳои ҷалбшуда аз воҳидҳои вилоятӣ буданд.

“Ба низоъ, асосан, сарҳадбонон, милитсия ва Дастаи таъиноти махсус (ОМОН) ҷалб шуданд. “Алфа” субҳи 29 апрел, вақте вазъият дар марз шиддатгнок шуд, ба сӯйи сарҳад раҳсипор шуда, бегоҳӣ омад, вақте ки аллакай дар бораи оташбас фармон дода шуд. Онҳо барвақттар омада наметавонистанд, чунки роҳ зери назорати мо набуд. Ҳамчунин, гуфтаниам, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳеҷ ҷо техникаи зиреҳиро аввалин шуда истифода накард. Рӯзи 2 май дар Хоҷаи Аъло мо 26 тир (тири тӯп, снаряд) ёфта, безарар гардонидем”. 

Ин низомии баландпояи тоҷик мегӯяд, ки Қирғизистон дар ин набард аз снайперҳои касбӣ истифода кард, зеро аксари кушташудаҳои тоҷик аз пешонӣ тир хӯрда буданд. “Ба пешонӣ танҳо тирпарронҳои касбӣ (снайперҳо) нишон гирифта метавонанд” – мегӯяд, номбурда.

Мавриди ёдоварист, ки зимни суҳбат аксари низомиёни тоҷик (ки бо сабабҳои маълум зикри номашон мумкин нест) ба банда гуфтанд, ки снайперҳои Қирғизистон, ки аксаран духтарон буданд, аз хориҷи кишвар оварда шуда, дар кӯҳҳо камин гирифта буданд.

Ин боз як далелест, ки Қирғизистон барои ҷанг бо Тоҷикистон омодагӣ мегирифт.

Дифоъ аз Ватан

Дар давоми рӯзҳое, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъҳои мусаллаҳона оғоз шуданд, мардуми кишвар бетараф набуданд. Ҳазорон ҷавонмардони бонангу ори тоҷик дар маркази шаҳру навоҳӣ ҷамъ шуда, омодагии худро барои дифоъ аз марзи Тоҷикистон эълон карданд. Бархе аз афсарони эҳтиётӣ муттаҳид шуда, ҷониби Исфара роҳ пеш гирифтанд.

Ин ҳаракати худҷӯш ба мардуми Исфара, ки солҳои дароз азияти ҳамсояи бадро мекашанд ва ба низомиёне, ки дар марз хоки ватанро дифоъ мекарданд, неруву қувва бахшид. 

Ба ҳимояи ватан рафтани сокинон суолҳои зиёдеро ба бор овард. Вале Хуршед Муҳаммадзода ин шубҳаҳоро бо ҷавоби худ аз байн бурд:

“Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” ба сафарбарии аҳолӣ дар сурати аз ҷониби давлати бегона ба сарзамини мо ҳамла кардан имкон медиҳад. Дар ин ҳолат, шаҳрвандони мо ба сафарбарӣ ва ба ҳимояи ватани худ бархостан уҳдадоранд”.

Вале ба гуфти ин низомии тоҷик аҳолӣ дар низоъи мусаллаҳона ширкат накардааст:

“Аҳолӣ дар захира қарор дошт, ба ҷанг набаромадааст. Ба ҳама касоне, ки аз тамоми вилоятҳо баҳри ҳимояи ватан овоз баланд карданд, изҳори миннатдорӣ мекунам, лекин боз такрор мекунам, ки мо аз онҳо истифода набурдем”.

Оташбас ва  даъвати Ятимов

Субҳи рӯзи дуюми май пас аз эълони оташбас, як ҳайати баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъси раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигарон барои мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ ба шаҳри Исфара омаданд. Мулоқоти ин ҳайат аз ҷамоати деҳоти Ворух идома ёфта, дар Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло ва деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома меёбад.

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ дар суҳбати бидуни сабт ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадафи сафари онҳо шиносоӣ бо вазъи деҳаҳои наздисарҳадӣ ва мулоқот бо сокинон пас аз низоъҳои чандрӯза буд.

-Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан, бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Феълан мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад.- гуфт, раиси КДАМ ба хабарнигорон.

Ҳамчунин, Саймумин Ятимов изҳори умедворӣ кард, ки баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи гуфтугӯст ва роҳи ҳалли худро меёбад.

19 шаҳиди ҷанг

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба имрӯз теъдоди комили кушташудаҳо ва захмишудаҳоро дар натиҷаи муноқишаи марзӣ эълон накардааст. Айни замон номи 20 нафар расонаӣ шудааст.

Низомиён:

1. НУСРАТУЛЛО НАБИЕВ, 20-сола, ҷамоати Чоркӯҳ, сарбоз;

2. АСЛИДДИН АБДУЗАМОНОВ, 20-сола, сарбози нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод;

3. АБДУЛЛОҲ САИДОВ, 26-сола, афсари нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Изаттулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод.

4. МЕҲРӮЗИДДИНИ МУҲРИДДИН (БОЛТАЕВ), 26-сола, пизишки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Исфара;

5. МУҲАММАДУЛЛОҲ  РАҶАБАЛИЗОДА, афсари 26-солаи дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;

6. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, марзбони 28-сола аз деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;

7. ҲАСАН АКБАРОВ, марзбони 31-сола аз деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;

8. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;

9. ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;

10. САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;

11. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.

Ғайринизомиён:

1. ҲАКИМБОЙ НИЁЗОВ, 39-сола, ҷамоати Чоркӯҳ

2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;

3. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

4. ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

5. ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

6.  СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

7. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

8. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

9. ҲУСЕЙНХОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Ҳамчунин, дар низоъи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон 31 нафар вафот карда, 154 нафар маҷруҳ шудааст.  

Хонаҳои сӯхтаву иншооти валангор

Сокини кӯҳансоли деҳаи Сомониён Назаров Шариф, ки дастёре надорад, бо чашмони пур аз ашк ба мошини сӯхта ва ҳавлии валангоршудааш нигоҳ мекунад. Ин мӯйсафед чанд рӯз пеш дар ин ҳавлӣ бо ҳамсар ва наберааш осуда зиндагӣ мекард, то ин ки муноқиша оғоз шуд. Пас аз он ки онҳо аз деҳа ба ҷойи амнтар кӯчиданд, ҳамсояҳои қирғизаш хонаи ӯро оташ мезананд. Назаров Шариф мегӯяд, ки тӯли солҳои зиёди ҳамсоягӣ бо қирғизҳо ба як  хаси онҳо зарар нарасонидааст.

Назаров Шариф ягона сокини деҳаи Сомониён нест, ки молу мулкаш мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифта бошад. Чунин  сарнавишти талх насиби оилаи Тоҳировҳо низ шудааст. Шаҳрвандони Қирғизистон ду ҳавлии ин оиларо, ки 4 хонавода дар он истиқомат мекард, оташ заданд.

Амсоли Назаров ва Тоҳиров дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара ва Овчиқалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нафарони зиёд бехонаву дар ва молу мулк монданд. Қирғизҳо ҳатто чорвои мардумро дар даруни оғил оташ зада, ҷониби гову гӯсфанд тир холӣ карданд.

 Дар умум, ба иттилоъи Зубайдулло Шомадов, иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара 55 манзили сокинони наздимарзӣ пурра ва қисман хароб гардидааст.

“Аз теъдоди умумӣ 17 манзили истиқоматӣ пурра хароб ва 38 хонаи дигар ба таъмир ниёз дорад»,- афзуд манбаъ.

Тибқи омори пешниҳодкардаи ҳукумати шаҳри Исфара 15 хона ба Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 — то ба Ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5- то ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра хароб ва ё қисман зарар дидааст.

Иншооти маишиву маъмурӣ, мактаб, роҳ ва техникаи хизматрасонӣ низ дар деҳаҳои наздимарзӣ оташ зада шудааст, ки омори он ҳанӯз дар даст нест.

Умедворӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони осебдида ваъда кард, ки барояшон сарпаноҳ месозад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки пайваста аз аҳволи сокинон хабардор бошад ва барояшон кумак кунад.

Манзили сокинон бунёд мешавад, ҷароҳатбардоштаҳо шифо ёфта, ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд, (рӯҳи шаҳидон шод бод), вале суоли асосӣ ин аст, ки оё муноқишаи Тоҷикистон бо Қирғизистон хотима ёфт?

Ба фикри ман, не!

Зимни суҳбат бо низомиён, пирони рӯзгордида, коршиносон ва сокинони қаторӣ дар мавриди оромӣ дар марз фақат ин ҷумла садо медод: “То замоне, ки хати марз мушаххас ва симхор кашида нашавад, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима нахоҳад ёфт!”

Пас метавон хулоса кард, ки низоъи ин ду кишварро фақат дипломатия, гуфтушиниди дурбинона ва мусолеҳаомез ҳал хоҳад кард.

Одил Нозир,

Душанбе-Исфара-Бобоҷон Ғафуров  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *