Ҷарима барои фотиҳатӯйи пурдабдаба
Ширинзода Раҷабалӣ Камол, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,санаи 13 июли соли ҷорӣ бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Н.Хусрави шаҳри Душанбе, ба муносибати оиладоршавии духтараш маъракаи «фотиҳатӯй» бо иштироки хешу таборон ва тақдими тӯҳфаҳо баргузор намуд.
Аз ҷониби хешовандони соҳибмаърака бо мақсади худнамоӣ рафти баргузории «фотиҳатӯй» ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст.
Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода Раҷабалӣ тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ