Ҷаримаи 3 раиси маҳалла дар Бохтар
Дар ҷараёни рейд кормандони милитсияи экологӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон чанд далели тоза накардани партовгоҳҳо ва хароб кардани тозагии муҳити атроф нисбат ба 15 сокини вилояти Хатлон, аз ҷумла 3 раиси маҳаллаи шаҳри Бохтар протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд.
Дар инбора Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Раисони маҳалла инҳоянд:
— Камолиддин Абукаримов, соли таваллудаш 1986, раиси кумитаи маҳаллаи Ваҳдат;
— Зафар Назаров, соли таваллудаш 1973, раиси кумитаи маҳаллаи Ҳоҷӣ-Шариф;
— Абос Юсупов, соли таваллудаш 1966, раиси кумитаи маҳаллаи Баҳор.
Нисбати ин нафарон барои назорат ва тоза накардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Моддаи 232 барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳамчун ҷазо ҷаримаро пешбинӣ мекунад: ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда имсол 72 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ