Ҷаримаи 308 мансабдор дар Хатлон. Ҳисоботи бардурӯғу хато пешниҳод кардаанд!

Соли 2021-ум 308 шахсони мансабдор дар вилояти Хатлон барои пешниҳоди омори бардурӯғ ва хато ҷарима карда шудаанд. Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода, сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ мегӯяд, ки 308 шахсони мансабдор барои пешниҳоди омори бардурӯғ ва хато бештар аз 118 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд. “Дар бисёри ҳолат иқтисодчӣ, сармуҳосиб ва роҳбари корхона барои чунин рафтор ҷарима мешаванд”,- таъкид кард вай. Вале ӯ мушаххасан аз ягон мансабдор ном набурд. Танҳо гуфт, ки “агар ин маълумот лозим бошад, баъди нишасти матбуотӣ ба шумо пешниҳод мекунем”.

Тавре зикр гардид, нисбати шахси маъсули корхонае, ки ҳисоботи бардурӯғ ва хато пешниҳод мекунад, мутобиқи моддаи 515 ҷарима таъин карда мешавад.

Соли 2021 пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғ ва хато аз ҷониби шахсони мансабдор нисбат ба соли 2020 бештар шудааст. Дар соли 2020-ум 248 нафар барои чунин рафтор наздики 89 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Аз ҳама бештар ҳисоботи бардурӯғ ва хато дар соли 2021 аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Панҷ, Шаритус, Ёвон, Кӯлоб, Балҷувон ва ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ  пешниҳод шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *