Ҷаримаи 8000 нафар дар минтақаи Бохтар

Соли 2023 беш аз 8 ҳазору 400 ронандаи нақлиёти боркаш ва мусофирбар ҷарима шудааст. Аз ин миён 291 ронанда барои риоя накардани меъёри муайяни вазн ҷарима шуданд.

Исроил Шафизода, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2023-юм дар маҷмӯъ 8 ҳазору 410 ронандаи нақлиёти боркашу мусофиркаш ва шахсони масъули ҷамъиятҳои нақлиётӣ ҷарима карда шуданд.

Ӯ мегӯяд, ки тартиб додани протокол нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1 ҳазору 328 адад зиёд аст. Ба таъкиди вай, ҷарима беш аз 2 миллиону 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Соли сипаришуда 291 ронандаи нақлиёти боркаш барои риоя накардани меъёри муайяни вазн зиёда аз 989 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. 3 ҳазору 897 ронандаи нақлиёти боракаш барои надоштани пардаи ҳимоявӣ то 3 нишондиҳанда ҷарима карда шудаанд»,-иттилоъ дод номбурда.

Исроил Шафизода афзуд, ки нисбати 700 ронандаи нақлиёти мусофиркаш барои бе иҷозатнома ва риоя накардани талаботи иҷозатномадиҳӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба суд ирсол гардиданд.

Ҳамчунин 11 протокол нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдори ҷамъиятҳои нақлиётӣ барои риоя накарани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *