Ҷаримаи 91 ронандаи нақлиёти боркаш дар Хатлон

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва риоя накардани талаботи иҷозатномадиҳӣ беш аз 1 ҳазору 880 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст. Ин омор ба соли равон рост меояд.

Исроил Шафизода, сардори хадамоти мавриди назар ба Pressa.tj гуфт, ки аз ҳисоби санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  597 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.

“Вале то имрӯз, каме бештар аз 424 ҳазор сомонӣ ситонида шудаасту халос”, — афзуд вай.

Ба таъкиди номбурда, боқимондаи маблағ рӯзҳои наздик ба суратҳисоби ин ниҳод ворид мешавад.

«Барои риоя накардани меъёри муайяни вазн аз ҷониби ронандагони нақлиёти боркаш, 91 нафарашон ҷарима баста шуданд. Ҷаримаи 91 ронандаи нақлиёти боркаш беш аз 327 ҳазор сомонӣ аст. Мо назоратро болои ронандагони нақлиёти боркаш минбаъд низ идома хоҳем дод. Зеро бо гарм шудани ҳарорати ҳаво ва риоя накардани меъёри муайяни вазн роҳҳои мошингард пеш аз муҳлат хароб мешаванд»,-изҳор дошт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *