Ҷаримаи беш аз 2700 ронандаи нақлиёти борбар дар Хатлон

Давоми соли равон дар минтақаи Бохтар беш аз 2 ҳазору 500 ронандаи нақлиёти борбар барои надоштани пардаи ҳимоявӣ ва номустаҳкамии бордон ва зиёда аз 210 ронандаи дигар барои риоя накардани меъёри муайяни вазн ҷарима шудаанд.

Исроил Шафизода, сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ҷаримаи чунин ронандаҳо каму беш 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳаракати нақлиёти боркаш бе пардаи ҳимоявӣ ва бо номустаҳкамии бордон назар ба солҳои гузашта кам шуда бошад ҳам, мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд ронандаҳое, ки нисбати ин масъала нухукназарӣ мекунанд. Ба таъкиди вай, нисбати 212 ронандаи дигар барои риоя накардани меъёри муайяни вазн ҷарима татбиқ карда шудааст.

Мутахассисон мегӯянд, ки Таҷикистон кишвари офтобӣ буда, гармои фасли тобистон дар баъзе аз минтақаҳои кишвар то ба 50 дараҷа мерасад. Табиист, ки дар чунин гармӣ ҳаракати нақлиёти боркаш бо вазни зиёд боиси пеш аз муҳлат хароб шудани роҳҳои мошингард мешавад. Риояи меъёри муайяни вазн ҳам дар пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ ва ҳам барои пешгирии вайронии роҳҳои мошингард мусоидат хоҳад кард.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *