Ҷаримаи чор сокини Бохтар барои риоя накардани қонуни танзим
Дар нуҳ моҳи соли 2023 дар шаҳри Бохтар 4 ҳолати вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷиктсон” сабт шудааст.
Манучеҳр Қодиров, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Бохтар гуфт, ки соли гузашта ҳам чор қонуншиканӣ ба қайд гирифта будем.
Ӯ мегӯяд, имсол назар ба соли гузашта теъдоди умумии маъракаҳо хеле кам шудааст. Вале чор ҳолати риоя накардани қонуни мавриди назар ошкор карда шудааст.
“Чор нафар шаҳрванди шаҳри Бохтар барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷиктсон” дар ҳаҷми 21 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шуданд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ