Ҷаримаи маъмурии зане барои дашноми қабеҳ дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти бастани ҷаримаи маъмурии зане хабар дод, ки дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ дашном ниҳоят қабеҳ мекунад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Газиева Ситора Файзалиевна, санаи таваллудаш 18.11.1987, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, кӯчаи Сохтмончиён, соҳиби 6 фарзанд мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ бо моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидону дастгиршуда муайян гардидааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 28-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:00 дақиқа, дар дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии шаҳри Душанбе содир гардидааст. Номбурда пурра ба гуноҳи содирнамудаи худ иқрор гардида, узрхоҳӣ намудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати Газиева Ситора тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд шартан барои дар тарбияи худ доштани кӯдаки ноболиғ (6-моҳа) ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *