Ҷаримаи соҳибкори бозори «Кӯшониён»  барои паст задани шаъну шараф

Як соҳибкори бозори «Кӯшониён» барои дашному паст задани шаъну шарафи соҳибмулки мағоза 720 сомонӣ ҷарима шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 18-уми майи соли ҷорӣ шаҳрванд Ҷураев Шоҳрух Ҷурабоевич дар заминаи хусумату бадбинӣ, соҳибмулки мағозае, ки дар паҳлӯи ӯ ҷойгир аст, нисбаташ дашномҳои қабеҳ ва бо ӯ муноқишаи лафзӣ намудааст.

Ҳамзамон, номбурда бо ин амали худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, шаъну шарафи ӯро дар назди дигарон паст задааст.

Дар натиҷаи муроҷиати шаҳрванд Шоҳрух Ҷураев барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардид. Шоҳрух Ҷураев 21 — сол дошта, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов мебошад.

Вобаста ба ҳолати мазкур, Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати Ҷураев Шохрух ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба анзодаи 10-нишондиҳанда (720 сомонӣ) барои ҳисобҳо таъин кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *