Ҷарроҳи қалб ва ислоҳталаб. Масъуди Пизишкиён — раисҷумҳури нави Эрон

Масъуди Пизишкиён, вакили мардумии ислоҳталаб рӯзи 5-уми июл дар даври дувуми интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон ба рақиби усулгарояш Саид Ҷалилӣ пирӯз омад ва президенти 9-уми ин кишвар шуд.

Рекорди мушорикат накардан

Пизишкиён рӯзи 28-уми июн, дар даври аввали интихобот бо се рақибаш вориди корзори интихобот шуд ва бо ба даст овардани 42,5%-и раъйи мардум ба даври дуюм роҳ ёфт. Марҳилаи аввали интихоботи раисҷумҳури Эрон бо он фарқ мекард, ки дар он ҳамагӣ каме бештар аз 40%-и аҳолии қобили раъй ширкат карданду халос. Қариб 60%-и боқимонда аз ширкат дар интихобот даст кашиданд.

Дар даври дуюми интихобот Масъуди Пизишкиёни ислоҳталаб бо  Саид Ҷалилии усулгаро вориди корзори интихобот шуданд. Дар ин давр мизони ширкати эрониён ба интихобот аз 50% гузашт. Масъуди Пизишкиён бо дарёфти 53,6%-и раъйи мардум президенти 9-уми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сарвари ҳукумати 14-уми ин кишвар гардид.

Бо вуҷуди ин, коршиносон мегӯянд, ки интихобот дар таърихи Эрон бо ҳузури камранги мардум рекордӣ буд.

Ҷарроҳи қалб дар арсаи сиёсат

Пизишкиёни 70-сола дар Озарбойҷони Ғарбӣ таваллуд шудааст. Падараш озарӣ ва модараш курд буданд. Бинобар ин, забони туркӣ ва курдиро низ балад аст. Узви Ҷамъияти дӯстии Эрону Туркия мебошад.

Пизишкиён ҷарроҳи қалб аст. Дар ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 1980-1988 ба ҷабҳаи аввали ҷанг рафта, ба ҳайси табиб хидмат кардааст. Баъди ҷанг ба ҷарроҳии дил машғул буд. Ӯ дар муассисаҳои илмӣ низ кор кардааст ва аз соли 1994 то соли 1999 мудири Донишгоҳи улуми тиббии Табрез буд.

Охири солҳои 90-ум ба майдони сиёсӣ ворид шуд. Дар ҳукумати Муҳаммади Хотамӣ вазири тандурустӣ буд. Феълан аз ҳавзаҳои Табрез ва Озаршаҳр дар Маҷлиси Эрон намоянда аст. Муддате муовини аввали раиси Маҷлис ҳам буд.

Пизишкиён дар интихоботи президентии соли 2013 сабти ном шуд, вале номзадии худро бозпас гирифт. Дар интихоботи соли 2021 кӯшиши ширкат кард, вале номзадии ӯ рад шуд.   

Ҳамсари Пизишкиён, ки духтури амрози занона буд, соли 1993 дар як садамаи нақлиётӣ бо як фарзандаш вафот карданд. Пизишкиён дигар оиладор нашуд ва ду писару ду духтарашро танҳо ба воя расонид. 

Пизишкиён улуми исломиро ҳам хуб медонад ва қории “Қуръон” ва “Наҳҷул Балоға” — китоби муҳим барои шиамазҳабон аст.

Тарафдори Хоманаӣ

Бо вуҷуди ҳузури 20-сола дар саҳнаи сиёсат, Пизишкиён ба ягон ҷанҷолҳои сиёсӣ олуда набудааст ва боре ба ҳам ришвахорӣ ва ё фасод муттаҳам нашудааст.   

Ӯ бо ақидаҳои интиқодӣ ва тезутундаш дар ҷомеаи Эрон шинохта шудааст. Соли 2023 вай амалкарди мақомоти Эронро, ки занонро бо баҳонаи ҳиҷоби номуносиб озору азияти зиёд доданд, танқид карда, гуфт, ки онҳо бо ин корашон сабаби нафрати мардум ба дин мешаванд.

Вале Пизишкиён бо вуҷуди ислоҳталаб буданаш тарафдори Роҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аст ва дар баромадҳои пешазинтихоботиаш низ аз сиёсатҳои раҳбари олии Эрон тарафдорӣ кард.

Алии Хоманаӣ ҳам ба Пизишкиён муносибати нек дорад. Соли равон дар интихоботи парлумонии Эрон номзадии Пизишкиён аз тарафи Шӯрои нигаҳбон рад карда шуд, вале бо дахолати Хоманаӣ, ӯ дар интихобот ширкат кард ва дигарбора ба Маҷлис роҳ ёфт. Дар нахустин изҳороти матбуотиаш пас аз интихоб шудан ба мақоми раисҷумҳури Эрон Пизишкиён эълон кард, ки бо дастгирии Раҳбарии муаззам, яъне Алии Хоманаӣ ба ин мақом расид.

Пизишкиён дар корзори интихоботӣ эълон кард, ки барномае надорад, ҷонибдори ягон ҳизб нест. “Ман садои мардуми Эронам” гуфт ӯ ва ваъда дод, ки барои ояндаи хубтари кишвараш талош мекунад.

Пизишкиён дар ин роҳ то куҷо муваффақ хоҳад буд? Инро вақт нишон медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *