Ҷарроҳи қалби Эрон дар Бемористони Ибни Сино (аудио)

Доктор Алиасғари Булуриён, яке аз беҳтарин ҷарроҳони қалби Эрон барои дармон ва ҷарроҳии беморони дил ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои Бемористони Ибни Сино, ин пизишк ва ҷарроҳи қалб, ки бо анҷоми додани ҷарроҳии қалби дар ҳоли таппиш дар Эрон маъруф аст ва инчунин дар гузаронидани амалҳои дигари ҷарроҳии дил таҷрибаи ғанӣ дорад, аз 08.12.2022 ба қабул ва машварати беморон дар ин бемористон шуруъ мекунад.

— Афроде, ки аз бемориҳои гуногуни дил, монанди бемории ишемикии дил, инфаркти миокорд, стенокардӣ, норасоии шадид ва музмини қалбӣ, миокордит, перикордит ва эндокордит, атеросклерози шараёнҳои коронарӣ, аритмияҳо, нуқсонҳои дил, аневризмаҳои шараёнҳо ва аорта азият мекашанд, метавонанд аз ин фурсат истифода намуда, аз донишу малакаи мутахассиси баландпоя баҳра бардоранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *