Ҷасади додар пайдо гашт. Бародараш куҷо шуд? Оё ӯ зинда аст?

Толибон дар ҳудуди ноҳияи Хоҳони Афғонистон, дар рӯ ба рӯи деҳаи Анҷироби ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ҷасадеро ёфта, ба марзбонҳои тоҷик супурда буданд, шахсияташ маълум шуд. Ӯ Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳафтаи гузашта корбарони афғон акси як ҷасад ва шиносномаи тоҷикиро бо ному насаби “Кароматулло Қурбонов” нашр карданд. Бино ба гуфтаи онҳо ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро аз соҳили дарёи Амӯ пайдо кардаанд.

Рӯзи 1-уми январ як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро Толибон ба марзбонони тоҷик супурданд ва маълум шуд, ки нафари зоҳиран ғарқшуда Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини 18-солаи ноҳияи Муъминобод аст. “Шиносномае, ки бо номи “Кароматулло Қурбонов” аз ӯ пайдо шуд, ба бародари 29-солааш тааллуқ дорад,” — шаҳр додааст ин манбаъ.

Бино ба иттилои Мӯъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Озодӣ, бародарон Муҳаммадҷон ва Кароматулло, Қурбоновҳо охири моҳи октябри соли 2021 аз Русия баргашта, рӯзи 21-уми декабр ба наздикони худ хабар додаанд, ки ба шаҳри Кӯлоб мераванд, вале онҳо  на ба Кӯлоб балки ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳаммарз бо Афғонистон, сафар кардаанд.

    Кароматулло Қурбонов, куҷо ғайб? Оё ӯ зиндааст?

Аз Кароматулло Қурбонов, бародари Муҳаммадҷон то ба ҳол  хабаре нест. Ақрабои ин ду ҷавон қазияро шарҳ надоданд. Вале бино ба иттилои манбаъ мақомоти интизомӣ гуфтааст, фарзияи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав дар он сӯи марз мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

“Бародари калонии ҷавон бо гумони шомил будан ба созмонҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешавад. Ягон сабаби мантиқии сафари онҳо ба Дарвоз пайдо нашуд. Онҳо дар онҷо на хешу табор, на дӯст ва на коре доранд. Аз ин рӯ, фарзияи талоши убури марз барои пайвастан бо гурӯҳҳои тундрав тафтиш мешавад,” — гуфтааст як манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ.

Дар он сӯи марз ҷангҷӯёни гурӯҳҳои тундрав ба монанди “Ансоруллоҳ” ва “Ҳаракати исломии Узбекистон” амал мекунанд, ки дар сафашон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳузур доранд, мегӯянд мақомоти тоҷик.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *