Ҷасади донишҷӯи қаҳрамони тоҷикро ба хок супориданд

Ҷасади Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи тоҷик, ки чанд рӯз қабл пайи наҷоти ҷони як кӯдак аз ғарқшави, дар Русия ҳалок гардида буд ба Тоҷикистон оварда ба хок супориданд.

Ҷасади ин донишҷӯ субҳи 16-уми июн ба зодгоҳаш — шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ расид. Маросими ҷанозаи ӯ бо ҳузури хешу наздикон ва афроди зиёде баргузор шуд. Ҳоҷимурод Қаландаровро дар оромгоҳи деҳаи Мавлавии ноҳияи Рудакӣ ба хок супурданд.
Ба гуфтаи наздиконаш, ҷасад бояд дирӯз ба Тоҷикистон мерасид, аммо бинобар як шабонарӯз банд мондан дар марзи Қазоқистон-Ӯзбекистон, як рӯз дертар расид. Наздикони Ҳоҷимурод гуфтанд, ронандаи мошинеро, ки ҷасадро бояд ба Тоҷикистон меовард, бинобар таб доштан аз марзи Қазоқистон пас гардонида буданд ва бо иваз шудани ронанда, мошин дубора ба роҳ баромад.
Ҳоҷимурод Қаландаров 7-уми июн ду кӯдакро ҳамроҳ бо як дӯсташ дар дарёи «Белая»-и шаҳри Уфаи Русия аз ғарқшавӣ наҷот дод, вале худаш ғарқ шуд. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон амали ҷавони тоҷикро қаҳрамонӣ тавсиф карданд ва гуфтанд, ки ба таври истисноӣ тариқи мошини махсус ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба ватан мефиристанд.
Ҳоҷимурод Қаландаров моҳи августи соли гузашта барои таҳсил ба Бошқирдистони Русия рафта буд.
Мақомоти Ҷумҳурии Бошқирдистон ба мардуми тоҷик ва хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров изҳори тасалият баён кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *